Имрӯз, 15 май, рӯзи душанбе, рӯзи 135-уми соли 2017 аст. То анҷоми сол боз 230 рӯзи дигар боқӣ мондааст.

Май 15, 2017 08:00

 Тақвими «Ховар»: 15 май

Имрӯз, 15 май,  рӯзи душанбе, рӯзи 135-уми соли 2017 аст. То анҷоми сол боз 230 рӯзи дигар боқӣ мондааст.

 

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

 

 

Ҳашт сол қабл аз ин, 15 майи соли 2009 дар Теҳрон дар доираи баргузории 22-умин намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» бо иштироки ҳайати баландпоя ва аҳли фарҳанги Тоҷикистон, намояндагони давлатҳои аъзои ЭКО Рӯзи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он  дастовардҳои илмию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуданд.

***

Панҷ сол пеш, 15 майи соли 2012 ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, кори комиссияҳои доимии он, инчунин чорабиниҳои комиссияҳои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ ва Конгреси V –уми байналмилалии экологии Нева ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар карда буд.

***

Инчунин 15 майи соли 2012 аввалин  маротиба дар Тоҷикистон китоби осмонӣ- Қуръони азимушшаън аз сўи Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо хати брайлӣ барои нобиноён ба чоп расид.

***

Чор сол пеш, 15 майи соли 2013 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов бо роҳбари Гуруҳи ширкатҳои «Akbulut Grubu» Алӣ Акбулут масоили ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, лоиҳаҳо ва фазои сармоягузории Тоҷикистон, инчунин кушодани корхонаҳои муштаракро матраҳ  намуданд.

***

15 майи соли 2013 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо узви Комиссияи байналмилалӣ бар зидди ҳукми қатл, собиқ Президенти Конфедератсияи Швейтсария хонум Рут Дрейфус ҳамкории байналмилалии Тоҷикистонро оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешгирӣ аз таъин ва татбиқи ҳукми қатл муҳокима намуда, оид масоили ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешгирӣ аз таъин ва татбиқи ҳукми қатл ибрози назар намуданд.

                                                        ***

 15 майи  соли 2015  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо рафти сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа ба ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ёвон сафар карданд.

***

15 майи  соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Давлати Кувайт сафар карда, дар толори бузурги Девони Амир бо Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ва Валиаҳд Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ва як қатор роҳбарони сохторҳои гуногуни ин кишвар оид ба  маҷмуи васеи масоили рушду густариши муносибатҳои ҳамкории дуҷониба суҳбат карданд.

***

Ҳамасола 15 май дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмиллалии оила ҷашн гирифта мешавад, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ бо мақсади ҷалби диққати давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила роҳандозӣ гардидааст. Тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид”, ин сана дар Тоҷикистон низ расман таҷлил карда мешавад.

***

15 май дар тамоми ҷаҳон ҳамчун рӯзи байналмилалии иқлим ҷашн гирифта мешавад. Таҷлил намудани ин иди ғайрирасмӣ  бо дархости обуҳавосанҷон, ки ҳимояи иқлимро яке аз захираҳои асосӣ барои наслҳои оянда арзёбӣ намудаанд, роҳандозӣ шудааст.

***

15 май  дар Осетияи ҷанубӣ рӯзи забон ва адабиёти осетинӣ  таҷлил мегардад. Таҷлил намудани ин ид дар саросари Осетияи ҷанубӣ аз соли 2003  шурӯъ шудааст. Маҳз барои он Рӯзи забон ва адабиёти осетиро  15 май таҷлил мекунанд, ки дар ин рӯзи соли 1899 сардафтари адабиёти ин кишвар Коста Хетагуров   ба дунё омадааст.

Май 15, 2017 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 декабр, якшанбе, 364-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст