МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 21.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар Тоҷикистон то 22 феврал ҳарорати ҳаво баланд мешавад. Олимони соҳаи кишоварзӣ ба боғпарварон тавсия медиҳанд, ки дар ин рӯзҳои гарм бояд башаклдарории дарахтонро гузаронанд. Башаклдарории дарахтони мевадиҳанда пас аз гузаштани рӯзҳои сард ва дарахтони донакдор дар моҳи феврал анҷом дода мешавад.
Тавре директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Шарофиддин Кароматов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, башаклдарории дарахтон баъди ба давраи оромӣ рафтани дарахтон гузаронида мешавад. Агар ҳарорат паст бошад, дарахтон ба касалиҳои гуногун гирифтор мешаванд.
Башаклдарорӣ ё буриши дарахтон гуногун мешавад. Дар давраи аз яксола то панҷсола будани онҳо буриши санитарию батанзимдарорӣ, дар давраи панҷсола ва зиёда аз он будани дарахт- буриши ҷавонкунии дарахтони солхӯрдаю азҳосилмонда охири моҳҳои январ ва феврал гузаронида мешавад.
Ба тавсияи боғпарварон, тарзи башаклдарории дарахтон хеле гуногун аст. Дар ҷумҳурии мо асосан шаклҳои муқаррарии тeдашоха, қабат ба қабат, косашаклу меҳваршакл ва палметта гузаронида мешаванд. Барои дарахтони боғҳои меваҳои донакдор шакли қабат ба қабату косашакл ва барои дарахтони мевадиҳандаи тухмдори интенсивӣ аз ҳисоби зич ҷойгиркунии ниҳолҳо меҳваршакл ва палметта тавсия дода мешавад.
Шарофиддин Кароматов иброз намуд, ки башаклдарории дарахтон пеш аз гулкунии онҳо гузаронида мешавад. Аммо боғпарвар бояд хуб донад, ки аҳамияти башаклдарории дарахтон дар он аст, ки пеш аз ҳама, барои шохи дарахтон имконияти равшанӣ, гармӣ ва ҳавогузарӣ муҳайё карда мешавад, ки ин барои гузаронидани фотосинтез яке аз омилҳои зарурӣ аст. Инчунин меваҳо босифат ва ҳаҷман калон шуда, ҳосилнокии дарахтон баланд ва дар қисми поёнӣ шохсори навдаҳои ҳосилдеҳ нигоҳ дошта мешавад.
Дар баробари башаклдарорӣ дар ин давра инчунин буриши дарахтон гузаронида мешавад. Ин амал боиси кам шудани касалиҳо ва ҳашароти зараррасон мегардад. Буриш ва башаклдарории дарахтон ҳангоми аз 2 то 6 дараҷа хунук будани ҳаво, инчунин дар рӯзҳои шамолӣ, боронӣ ва барфӣ манъ мебошад. Ин амалҳоро боғбонони минтақаҳои водигӣ, ки ҳарорати ҳавои ин минтақаҳо муътадил мебошад, метавонанд иҷро намоянд. Боғбонон ва хоҷагидороне, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии дорои бориши зиёд зиндагӣ мекунанд, буришро дар моҳҳои феврал ва март- то оғози бедоршавии дарахтон ба анҷом расонанд, беҳтар аст.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки буриши дарахтон дар ҳолати аз 2 то 5 дараҷа хунукӣ манъ аст. Дар натиҷаи гузаронидани буриш дар ҳолати аз 5 дараҷа хунукии зиёд навдаҳои дарахтон ях баста, дар вақти буриш навдаҳо кафида, осеб мебинанд. Ба онҳо ҳашароту тухм ва ҳуҷайраҳои касалиҳо дохил шуда, таъсири манфӣ мерасонанд, ки боиси касалшавӣ ва хушкшавии дарахтон мегардад.
Ба боғпарварон тавсия дода мешавад, ки пеш аз оғози буриш ва башаклдарории дарахтон ба намуд ва шакли дарахт, фарқияти навдаҳои мевадиҳанда ва бемева аҳамият диҳанд. Инчунин истифодаи асбобу аёнияти махсуси боғҳо- теғи бурро (тез) ва баъд аз анҷоми кор бо маҳлули спирт тоза намудани асбобҳо барои паҳн нагаштани касалиҳо тавсия дода мешавад. Ҳамасола дар вақти гузаронидани буриш ва башаклдарорӣ ба танзими шоҳаҳои дарахтони мевадиҳанда, равшанию нури Офтоб ва шамолгузар намудани байни шоҳаҳо аҳамияти ҷиддӣ додан зарур аст. Зеро ин амал боиси дарозумрӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, беҳтар шудани сифат ва ҳаҷми мева шуда, инчунин дар натиҷаи дуруст гузаронидани буриш ва башаклдарорӣ дар дарахтон касалӣ ва ҳашароти зараррасон кам мегардад.
Ба боғпарварон тавсия дода мешавад, ки пеш аз оғози гулкунӣ дар фасли зимистон то оғози баҳор 10-15 рӯз қабл бояд мубориза бар зидди зараррасонҳо гузаронида шавад. Барои ин дар 100 литр об 5 килограмм карбамид ва 2 килограмм даҳани фаранг зарур аст. Ин маҳлулро замоне пошидан зарур аст, ки 3-4 рӯз борон набошад, то доруро шушта набарад. Агар имкон бошад, ба карбамид ва даҳани фаранг 1 литр собуни моеъ омехта кардан ба манфиати кор аст. Чун дар ин ҳолат дар атрофи дарахт қабати махсуси плёнкавӣ пайдо мешавад, ки ин самаранокии нобудсозии зараррасонҳоро бештар менамояд.
Олимони соҳаи кишоварзӣ чунин мешуморанд, ки дар баъзе солҳо моҳҳои марту апрел эҳтимоли сардиҳои баргарданда мавҷуд аст. Дар ин ҳолат вақте ки гулҳо пурра мешукуфанду имконият ҳаст, бояд дар дохили боғҳо пору ва хасу хошокро дар ҳар ҷой ҷамъоварӣ намуд. Ва дар ҳолати сар задани сардиҳо аз ин пору ва хасу хошок бояд дар самти шамолрӯ, ки ба дохили боғ меравад, дуд монда шавад, чун ин кор ба манфиати деҳқонон аст.
Ҳамсуҳбати мо изҳор медорад, ки дар ҳолати дуруст анҷом додани қоидаҳои агротехникӣ деҳқонону боғдорон метавонанд ҳосили хуб ба даст оранд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қаланфури тунд барои мустаҳкам намудани иммунитет кумак мерасонад
МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд
ҲАМГИРОИИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ. Андешаҳо оид ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
Ҳикмати озодагон — чароғи роҳи худшиносӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Илмомӯзӣ – ватандӯстӣ – амният: се рукни асосии стратегии рушди миллии Тоҷикистон
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ХОҶАГИДОР. Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барги карами хом барои дарди буғумҳо муфид аст
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Давидан барои саломатии инсон чӣ фоида дорад?
Сафари таърихии давлатӣ ба Чин. Натиҷаҳо беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ва ҷалби зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон
Махсусияти навини рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Чин
Дар домони сабзи Ватан орзуҳои ҷавонон амалӣ мегардад. Эҳдо ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила






