Имрӯз, 19 майи соли 2017, рӯзи ҷумъа, рӯзи 139 –уми сол аст. То охири соли равон боз 226 рӯзи дигар модааст.
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
19 майи соли 2009 иҷлосияи XXIX Шӯрои байнидавлатӣ оид ба заминсозӣ, харитасозӣ, кадастр ва тадқиқи фосилавии кишварҳои иштирокдори ИДМ дар Минск (Беларус) ба кори худ шурӯъ кард.
***
Ҳафт сол пеш аз ин, 19 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Ҷамъияти байналмилалии ҷавонони мусулмон Муҳаммад Бодаҳдаҳро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот оид ба масоили мавриди таваҷҷуҳ ва тадбирҳои минбаъдаи судманд гуфтугў сурат гирифт.
***
19 майи соли 2010 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Яҳё Маъруфӣ масоили вобаста ба татбиқи санадҳои дар доираи ин созмон имзошуда, аз ҷумла «Дурнамои ЭКО то соли 2015», ки ҳадафи асосии он таъмини тиҷорати озод дар қаламрави кишварҳои аъзои ЭКО аст, баррасӣ шуд.
***
Инчунин 19 майи соли 2013 дар шаҳри Чиангмайи Шоҳигарии Тайиланд Форуми дуюми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар мавзӯи «Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут ба об» ба кори худ шурӯъ намуд. Дар баробари дигар сарони давлатҳою ҳукуматҳо ва намояндагони дигари воломақом аз кишварҳо ва созмонҳои сершумор Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҳамоиш ба ҳайси роҳбари кишвари пешоҳанг ва ташаббускор дар ҷаҳон доир ба ҳаллу фасли мушкилоти глобалии вобаста ба об иштирок намуданд.
***
19 май дар Туркия Рӯзи ҷавонон ва варзиш ҳамчун рӯзи иди миллӣ таҷлил карда мешавад. Назар ба дигар идҳои ватандӯстонае, ки дар ин кишвар таҷлил карда мешаванд, ин ид ҳамчун иди умумимиллӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
***
Ҳамчунин 19 май халқи Гурҷистон дар таърихи худ санаи фоҷиавӣ-рӯзи хотираи генотсиди гурҷиҳои Осиёи Миёнаро таҷлил мекунанд. Онҳо дар ин рӯз ғамгинанд ва барои ҳамватанони худ, ки дар солҳои 1916-1923 қурбонии ҷангҳои бераҳмонаи туркон-усмониҳо шудаанд, ашк мерезанд.