Дар моҳи апрел Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ДУШАНБЕ, 02.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи апрел дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар рӯзҳои алоҳида боридани борон, ба амал омадани раъду барқ ва жола пешгӯӣ мешавад. Ҳавои моҳи апрели имсола ба моҳи апрели соли 2015 шабоҳат дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво асосан наздик ба меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр 1-2 дараҷа баланд дар назар дошта шуда, дар водиҳо 15+21 ва дар доманакӯҳҳо 12+15 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ шабона аз 6 то 18 дараҷа гарм, рӯзона аз 20 то 35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона аз 3 то 12 ва рӯзона аз 19 то 29 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ низ дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр зиёд пешгӯӣ мешавад. Давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо боронҳои шиддатнокиашон гуногун, ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола пешгӯӣ мешавад.
Дар водиҳои вилояти Суғд ҳаво то 17 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 9 дараҷа гарм мешавад. Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ шабона то 0+5 ва рӯзона то 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ кам, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад. Давоми моҳ бориши борон, ба амал омадани раъду барқ ва дар ағбаҳо фаромадани туман пешгӯӣ мешавад.
Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво 6+13 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ шабона аз 1 то 9 ва рӯзона аз 11 то 25 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ нишондиҳандаҳои пасти ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона то 4+9 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, бориши борон, ба амал омадани раъду барқ, боридани жола ва дар ағбаҳо фаромадани туман пешгӯӣ мешавад.
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво аз 5 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ шабона аз 6-11 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона аз 4 то 13 дараҷа гарм мешавад. Инчунин дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ шабона то 13-18 дараҷа хунук, рӯзона то аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар рӯзҳои алоҳида бориши барф, барфи тар ва борон пешгӯӣ мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Исломиддин Раҳмон: «Омӯзиши Конститутсия ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ мусоидат менамояд»
Дилором Абдураҳимзода: «Занон дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини адолати судӣ саҳми арзанда мегузоранд»
Қабули Конститутсия марҳалаи муҳимми рушди давлатдории муосири тоҷикон аст
Конститутсия барои ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд заминаи асосӣ мебошад
КОНСТИТУТСИЯ-ТАҲКУРСИИ УСТУВОР ВА САНАДИ БУНЁДГУЗОР. Он дар таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим дорад
Устувонаи Куруши Бузург ва Конститутсияи Тоҷикистон ду сутуни як бинои бошукӯҳи давлатдории миллӣ мебошанд






