Имрӯз, 20 майи соли 2017, рӯзи шанбе, рӯзи 140–уми сол аст. То охири соли равон боз 225 рӯзи дигар боқӣ мондааст.
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
20 майи соли 2009 дар Москва шоми фарҳангии «Дӯстии халқҳо» баргузор гардид, ки дар он намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия ва корхонаҳои ҷамъиятию байналмилалӣ иштирок карданд. Дар робита ба ҷашни 70-солагии «Дӯстии халқҳо» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба маҷаллаи адабию бадеӣ ва ҷамъиятию сиёстии «Дӯстии халқҳо» сухани табрикӣ намуда буданд.
***
Ҳашт сол муқаддам, 20 майи соли 2009, агентии Associated Press хабар дода буд, ки аз Шуъбаи бойгонии миллӣ ва ҳуҷҷатгузории Амрико диске (жесткий дикс), ки маълумоти роҷеъ ба корҳои маъмурияти Билл Клинтон ва корҳои махфии ИМА-ро дошт, гум шудааст. Дар миёни маълумоти гумшуда, ки ҳаҷмашро як терабайт арзёбӣ кардаанд, ҳисоботи корҳои Кохи сафед, сабти баргузор намудани вохӯриҳои кормандон ва чорабиниҳои ҷамъиятии онҳо мавҷуд будааст.
***
20 майи соли 2009 дар арафаи ҷашни 15-солагии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи корхонаҳо оид ба муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази таълимии Идораи асосии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими кушодашавии Маркази азнавтайёркунии мутахассисон дар соҳаи назорати сарҳадӣ баргузор гардид.
***
20 майи соли 2010 муовини Раиси палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасаналӣ Карамалиев бо намояндагони Ширкати истеҳсолии маҳсулоти хӯрокии Теҳрон Алӣ Насрулло ва Ҳусайнӣ мулоқот кард. Мақсади ташрифи намояндагони ширкатҳои Теҳрон ба Душанбе дарёфти шарикони тиҷоратӣ, инчунин сармоягузории якҷояи лоиҳаҳо дар дурнамои таъсис додани фурӯшгоҳҳои муштарак буд.
***
20 майи соли 2011 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи махсуси маъмурияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) оид ба Афғонистон ва Покистон Марк Гроссман оид ба масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва ИМА гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Инчунин ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории ду кишварро оид ба барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон, эҳё намудани иқтисодиёт ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос барои соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ин кишвар баррасӣ карданд.
***
Бегоҳии 20 майи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои дигар, ки барои иштирок ба ҳамоиши кишварҳои аъзои Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварда буданд, дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ иштирок намуданд. Барномаи дилнишини фарҳангии мазкур дар толори бузурги Театри калони Шанхай намоиш дода шуд.
***
20 майи соли 2015 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳбарон ва намояндагони дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии аккредитатсияшуда, ки ба шаҳри Душанбе барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷагирии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 омада буданд ва дар он Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд, брифинг ташкил гардид.
***
20 май дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи метрология ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи касбии метрологҳо бо назардошти имзои Конвенсияи метрӣ 20 майи соли 1875 дар Париж бо пешниҳоди ЮНЕСКО аз соли 2001 инҷониб таҷлил мегардад.
***
20 майи соли 1941 Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва Ҷоизаи байналмилалии «Нилуфар» Лоиқ Шералӣ ба дунё омадааст. Нахустин маҷмўаи ашъори Лоиқ бо унвони «Сари сабз» соли 1966 таҳти назари Сотим Улуғзода нашр шуда, баъдан ашъори дигараш бо номҳои «Илҳом», «Нўшбод», «Соҳилҳо», «Ташнадил», «Хоки ватан», «Марди роҳ», «Варақи санг», «Хонаи чашм», «Рўзи сафед», «Дасти дуои модар», «Офтобборон», «Фарёди бефарёдрас» ва «Модарнома» ба табъ расидаанд. Лоиқ Шералӣ аз соли 1991 то охири умр Раиси Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ- форсӣ буд. 30 июни соли 2000-ум шоири номдори тоҷик дар сини 59-солагӣ аз олам даргузашт.