НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
ДУШАНБЕ, 14.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе на танҳо маркази маъмуриву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии мамлакат гардидааст, балки ба шаҳри сайёҳиву фароғатӣ табдил ёфтааст. Саёҳони хориҷӣ талош менамоянд, ки махсусан дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба тамошои Тоҷикистон биёянд. Онҳо дар Ватани Наврӯз — Тоҷикистони офтобрӯя аз тамошои табиати гулпӯш, чашидани суманак ва базму тараб ба муносибати ин ҷашни бостонӣ лаззат мебаранд. АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
Тавре аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, танҳо дар доираи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз, яъне аз 15 то 31 марти соли 2025 тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии ҳудуди пойтахт 8 004 сайёҳ ба Душанбе ворид шуд, ки 2 914 нафари онҳо аз Эрон буданд.
Соли 2025 ба Тоҷикистон 2 104 703 шаҳрванди хориҷӣ ворид гардид. Аз ин 1 784 430 нафар ҳамчун сайёҳ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2024 19% зиёд аст. Тибқи арзёбии мутахассисон, тақрибан 60% ё 1 070 658 нафари онҳо ба шаҳри Душанбе ворид шуда, аз хизматрасониҳои пойтахт истифода карданд. Танҳо тавассути Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Роҳи оҳани Душанбе 370 539 сайёҳ ба пойтахт омад, ки нисбат ба соли 2024 66,7% зиёд мебошад.
Хотиррасон мешаем, ки ҳамасола дар дар пойтахт бо иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иди байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд ва бошукуҳ таҷлил мегардад. Дар доираи он чорабиниҳои мухталифи фарҳангию фароғатӣ, илмию амалӣ ва оммавию варзишӣ, аз ҷумла «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ», барномаи рангини театрӣ, Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯзи Душанбе», барномаҳои консертӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалии гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» бо шаҳомати хосса баргузор карда мешаванд. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе, имсол- 17 март дар шаҳри Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ки марказҳои маъмурӣ ва пойтахти давлатҳо барои инкишофи сайёҳӣ нақши бузург доранд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, «пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст».
Тибқи иттилои масъулин, давоми соли 2025 зиёда аз 200 чорабинии сатҳҳои гуногун, аз қабили фарҳангӣ, маърифатӣ, варзишӣ, байналмилалӣ, таблиғотӣ ва хатсайрҳои дохилишаҳрии «Red Bus Tour» дар пойтахт баргузор шуданд, ки ҳар яке дар муаррифии Душанбе ҳамчун шаҳри сайёҳӣ саҳми назаррас гузошт.
Рушди санъати баланди меъмории миллӣ, бунёди маҷмааву боғҳои фарҳангӣ, роҳу пулҳои бисёрсатҳа, корхонаҳои азими саноатӣ Душанберо ба яке аз шаҳрҳои пуршукӯҳ ва макони баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилаливу минтақавӣ табдил додааст.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе инфрасохтори хизматрасонӣ хеле рушд кардааст. Фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзалҳои роҳи оҳан ва нақлиётӣ, 51 меҳмонхона, 118 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 39 маркази дилхушӣ, 27 бозор, 125 маркази савдо, 30 мағозаи армуғонфурӯшӣ, 4 майдони чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, 17 боғи фарҳангию фароғатӣ ва 1 боғи ҳайвонот, 44 гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 67 толори варзишӣ, 210 кошонаи ҳусн ва 198 сартарошхона, 4 кохи фарҳангӣ, 7 театри касбӣ, 13 осорхонаву 17 китобхона, 6 амфитеатр, 23 ёдгории бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 95 ширкати сайёҳӣ, фаввораҳо дар 38 мавзеи пойтахт, 378 майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон, 306 муассисаи табобатию профилактикӣ, 77 коргоҳи ҳунармандӣ, Қасри теннис ва маҷмааҳои варзиши обӣ ва «Маҷмааи Истиқлол» ба меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ хизмат мерасонанд.
Бунёди меҳмонхонаҳои панҷситорадор, боғҳои фарҳангу фароғатӣ, биноҳои истиқоматии замонавӣ ва иншооти тиҷоратӣ, чойхонаҳои миллӣ, кохҳои бегазанд, китобхонаву осорхонаҳо, ки беназир дар Осиёи Марказӣ мебошанд, таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб намудааст.
Ба шарофати сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати рушди устувори пойтахт ва муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагӣ ба сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ, хусусан, солҳои охир бисёр корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Дар натиҷаи ин талошҳо Душанбе ба яке аз шаҳрҳои рушдкунанда ва пешрафтаи ҷаҳон табдил ёфт.
Ёдовар мешавем, ки шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо, Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо, Ташкилоти ҷаҳонии шаҳрҳои Муттаҳида ва Ҳокимиятҳои маҳаллӣ, узви Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ буда, бо 18 шаҳри Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико ва ИДМ муносибатҳои дӯстонаву бародарона дорад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Dushanbe-travel/АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд






