Имрӯз, 21 майи соли 2017, рӯзи якшанбе, рӯзи 141–уми сол аст. То охири соли равон боз 224 рӯзи дигар мондааст

Май 21, 2017 08:00

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

 

Ҳашт сол пеш, 21 майи соли 2009  Сарвазири ҳамонвақтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷиҳати иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кард.

***

21 майи соли 2010 дар шаҳри Санкт Петербург ҷаласаи 26-уми роҳбарони сохторҳои Шӯрои байнидавлатии мақомоти олии Иттиҳоди гумрукии (Таможенного союза) Россия, Беларусия ва Қазоқистон, Шӯрои байнидавлатии ЕврАзЭС  дар сатҳи роҳбарони ҳукуматҳо ва Шӯрои роҳбарони Ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои аъзои ИДМ сарвазири вақт Оқил Оқилов иштирок кард.

***

21 майи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии 38-уми Шӯрои директорони Бонки рушди исломӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, суханронӣ карда буданд. Бояд зикр намуд, ки дар ин вохӯрии сатҳи олӣ зиёда аз 740 нафар меҳмонони хориҷӣ қариб аз 80 корхонаи минтақавию байналмилалии кишврҳои ҷаҳон  ташриф оварда буданд.

***

21 майи соли 2014 Вазири ҳамонвақтаи рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шариф Раҳимзода бо ҳайати Афғонистон таҳти роҳбарии Вазири иқтисод ва саноати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Шокир Коргар, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе омада буданд, мулоқот кард.

***

Ҳамчунин 21 майи соли 2014 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамоиши Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба кори худ оғоз намуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз рушди бонизому босуръати аксари кишварҳои Осиё таъкид доштанд: «Ин қитъа метавонад ва бояд  дар бунёди Осиёи шукуфон ва бехатар ҷаҳиши бузург амалӣ намояд».

***

21 май дар Черногория иди миллӣ-рӯзи истиқлолият аст. Он яке аз ҷавонтарин давлатҳои соҳибистиқлол дар ҷаҳон мебошад. 21 майи соли 2006 дар Черногория раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид, ки шаҳрвандони ин кишвар ба саволи «Оё шумо мехоҳед, ки Черногория бо ҷавобгӯ будан ба тамоми меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқӣ давлати комилан мустақил бошад», ҷавоб гуфтанд.  3 июни соли 2006 парлумони Черногория истиқлолияти ин кишварро эълон кард ва он аз 28 июни ҳамон сол ҳамчун узви 192-юми Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардид.

***

Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май рӯзи ёдбуди шахсони аз бемории ВНМО (СПИД) фавтида қайд карда мешавад. Ин барои он роҳандозӣ шудааст, ки диққати аҳли башар ба мушкилоти беморони ВНМО ва гирифторшудагону сирояткунандагони ин беморӣ зиёд карда шавад.

***

113 сол муқаддам, 21 майи соли 1904 бо мақсади пайваст кардани федератсияҳои футболи миллӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ин бозӣ дар Париж Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияи футбол, (ФИФА) ташкил карда шудааст. Аввалин президенти ФИФА Робер Герен мебошад.

 

 

Май 21, 2017 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст