Имрӯз, 23 майи соли 2017, рӯзи сешанбе, рӯзи 143-уми сол аст. То охири соли равон боз 222 рӯзи дигар мондааст

Май 23, 2017 08:00

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

 

23 майи соли  1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони кишвар вохўрӣ карда, ҷавононро қувваи пешбарандаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номиданд.

***

Ҳамасола 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ин рӯз дар  асоси Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1997 таҷлил мегардад. Мақсади таҷлил намудани ин рӯз равона намудани диққати ҷомеа ба мушкилоти насли ҷавони кишвар мебошад.

***

54 сол муқаддам, 23 майи соли 1963 бо фармони Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ бо нишони эҳтиром ба хизматҳои шоистаи Ташкилоти мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти қаҳрамононаи халқи Куба, саҳми арзанда гузоштан дар  роҳи расидан ба сулҳ ва сохти сотсиалистӣ, инчунин саҳм гузоштан дар мустаҳкамгардонӣ ва рушди дӯстии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Куба ба Фидел Кастро Рус мукофоти Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, ордени Ленин ва медали «Ситораи тиллоӣ» дода шуд.

***

Чордаҳ сол пеш, 23 майи соли 2003 шаҳри Москваи Федератсияи Россия номзади махсус барои гузаронидани бозиҳои олимпӣ шуд. Ин қарор дар вохӯрии олимпӣ барои дар катори дигар кишварҳо шомил намудани Москва ҳамчун номзади махсус дар овоздиҳии якмандатӣ қабул гардид.

***

23 майи соли 2005 дар шаҳри Маккаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аввалин маротиба бозиҳои дӯстонаи исломӣ баргузор гардиданд.

***

23 майи соли 2009 дар Димишқ (Сурия) Вазири собиқи корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо намояндагони  Бонки исломии рушд мулоқот намуд. Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки исломии рушдро баррасӣ намуданд.

***

 23 майи соли 2010 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия қисмати панҷуми бозиҳои ҷаҳонии варзиши сабук баргузор гардид, ки намояндаи Тоҷикистон Дилшод Назаров бо 29 сантиметр дуртар партофтани гурз  нисбат ба гурзандози латвиягӣ ҷойи якумро соҳиб шуд. Ӯ дар ин мусобиқа гурзро ба масофаи 77,38 сантиметр  партофт.

***

23 май Рӯзи кормандони Вазорати экология ва захираҳои табиии Озарбойҷон мебошад. Дар ин рӯзи соли 2001 бо фармони Президент Ҳайдар Алиев бинобар таҷдид намудани сохтори Ҳукумати кишвар Вазорати экология ва захираҳои табиӣ таъсис дода шуд.

***

Шурӯъ аз соли 1939 дар Ямайка 23 май ҳамчун Рӯзи меҳнат ҷашн гирифта мешавад.

***

23 майи соли 1940 дар деҳаи Ёбузи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон нависанда Бахтиёри Муртазо таваллуд шудааст. Мавсуф муаллифи маҷмӯаҳои қиссаву очерку ҳикояҳои «Боғбони гули кӯҳӣ», «Қасидаи бародарӣ», «Ҷонбохтаи Роҳатӣ», «Чинор дар Солонӣ», «Ҷӯи Навдиз», «Эҳёи Бешканд», «Чашмаи Офтоб», «Ман чароғ афрӯхтам», «Нақби Истиқлол», «Нуҳ чинори Балҷувону Баҳманрӯд», «Ҷавпазак» ва ғайра мебошад. Барои қиссаи «Нақби Истиқлол» сазовори Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ гардидааст. Бахтиёри Муртазо ҳоло раиси Шӯрои очерку публитсистикаи Иттифоқи нависандагон ва хабарнигори махсуси рӯзномаи «Минбари халқ» дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» аст.

 

 

Май 23, 2017 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш