Имрӯз, 30 майи соли 2017, рӯзи сешанбе, рӯзи 149–уми сол аст. То охири соли ҷорӣ боз 215 рӯзи дигар мондааст

Май 30, 2017 08:00

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

 

30 майи соли 2012 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба таъминоти бозори истеъмолӣ, ҷамъоварии ҳосили мева, сабзавот, ғалла, суръат бахшидани корҳои сохтмонӣ, махсусан идома бахшидани бунёди роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, ҷамъбасти соли таҳсил ва омодагии муассисаҳои олии таълимӣ ба қабули довталабон ҷалб намуда, дар назди роҳбарони сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоири маъруфи тоҷик Бозор Собирро ба ҳузур пазируфтанд. Зимни суҳбат доир ба имрӯзу ояндаи фарҳанги миллии Тоҷикистон, шеъру шоирӣ ва тақвияти пайванди наслҳо дар ин самти барои рушди арзишҳои волои миллию давлатдорӣ басо муҳим гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

***

Чор сол қабл дар ин рӯзи соли 2013 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.  Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки барои мустаҳкам нигоҳ доштани роҳҳои мошингарди минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ва  зебою дилкаш намудани муҳити онҳо аз ду ҷониби ҳамаи роҳҳо дар паҳноии то 100-200 метр боғу ҷангалзор бунёд карда шавад.

***

30 майи соли 2007 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд, ки соли равон аз қабули он 10 сол сипарӣ гардид.

***

386 сол қабл, 30 майи соли 1631 дар Фаронса аввалин рӯзнома бо номи «La Gazette»  («Маҷалла») ба табъ расида буд.

***

30 майи соли 2011 ширкати Ford Motor дигаргунии навбатии худро дар самти бехатаргардонии ҳаракат дар роҳ эълон намуд.

***

30 майи соли 2012  дар шаҳри Ашқободи Туркманистон ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо ва сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо мулоқоти формати хурд бо иштироки роҳбарони ҳайатҳо ба кори худ оғоз намуда буд. Сарвазири собиқи  Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов диққати иштирокдоронро ба зарурати таҳкими равандҳои ҳамкорӣ дар сомтҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, энергетикӣ, нақлиёт ва ҳифзи муҳити зист ҷалб намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2003 роҳбари ширкати хусусии сармоягузории  «Сорос инвестментфанд» Ҷорҷ Сорос ба шаҳри Душанбе ташриф овард.

***

30 майи соли 2010 Иттифоқи тоҷикистониёни Россия дар меҳмонхонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи кӯдак, ки 1 июн дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад, ҷамъомад баргузор намуд.

***

Панҷ сол муқаддам, 30 майи соли 2012 муовини Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид, иҷрокунандаи вазифаи директори Дафтари СММ оид ба маводи  мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада буд. Яке аз мақсадҳои сафари Ю. Федотов ба Тоҷикистон- ин иштирок дар кори мулоқоти серӯзаи роҳбарони идораҳои зидди маводи мухаддиротии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон буд.

***

30 майи соли 1927 дар Ленинград аввалин маротиба дар Иттиҳоди Шӯравӣ Осорхонаи саноатӣ, равонӣ ва тахникӣ сохта шуд.

***

30 май ҳамасола дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчун рӯзи ёдбуд таҷлил мегардад.

 

 

Май 30, 2017 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш