Имрӯз, 31 майи соли 2017, рӯзи чоршанбе, рӯзи 151–уми сол аст. То охири соли ҷорӣ боз 214 рӯзи дигар мондааст

Май 31, 2017 08:26

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

31 майи соли 2012 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли СММ, Мудири иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотовро ба ҳузур пазируфтанд. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамгироии дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Созмони Милали Муттаҳид дар самти мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои муосири олам баррасӣ гардиданд.

***

31 майи соли 2012 дар шаҳри Душанбе Низомиддин Зоҳидӣ, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Дабири кулли СММ, Мудири иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов мулоқот кард. Ӯ диққати меҳмонро ба масъалаҳои мустаҳкам намудани сарҳад ва ҷанбаҳои иҷтимоии мубориза бо маводи мухаддир ҷалб намуда, зикр кард, ки ҳамкории дуҷониба дар ин радиф метавонад сабаби пешгирӣ ва аз байн бурдани ин корҳо гардад.

***

31 майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе маросими расмии ба табъ расидани маҷаллаи хитойии «Пули қора» («Континентальный мост») баргузор гардид. Ин аввалин маҷаллаи махсуси ҶХХ мебошад, ки бо забони тоҷикӣ нашр мешавад. Дар маҷалла дар бораи Тоҷикистон ва Хитой, инчунин ҳамкории байнидавлатии ин ду кишвар маълумот дода мешавад.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Вобаста ба иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии масъалаҳои дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишуда ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми кори ҷаласа ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони дигар вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

***

57 сол муқаддам, 31 майи соли 1960 корхонаи трансформаторбарории шаҳри Қӯрғонтеппа ба истифода дода шуд.

***

5 сол қабл, дар ин рӯзи соли 2012 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати аз Кодекси чиноятӣ ба Кодекси  гражданӣ гузаронидани моддаҳои 135 (тӯҳмат) ва 136 (таҳқир)   якдилона қабул намуданд.

***

158 сол қабл, 31 майи соли 1859, соати Биг-Бен дар манораи машҳури Лондон насб гардида,  аввалин маротиба ба кор дароварда шуд.

***

 138 сол қабл, 31 майи соли 1879 дар Олмон аввалин маротиба дар ҷаҳон роҳи оҳани барқӣ ба истифода дода шуд.

***

 31 майи соли 1911 киштии мусофирбари «Титаник» бо зиёда аз 2200 мусофир ба  роҳ баромад, ки  270 метр дарозӣ, 30 метр паҳноӣ дошта,  вазнаш 46 ҳазор тоннаро ташкил медод.

***

31 май Рӯзи байналмилалии бидуни сигор мебошад, ки аз соли 1988 бо ташаббуси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ роҳандозӣ гардидааст.

 

 

 
 

 

 

Май 31, 2017 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш