Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Люксембург

Май 18, 2017 10:10

ДУШАНБЕ, 18.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. 17 майи соли равон дар шаҳри Люксембург Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Гертсогии Бузурги Люксембург Жан Асселборн мулоқот  намуд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Люксембург муҳокима гардиданд.

Ҷонибҳо натиҷаҳои сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Люксембург солҳои 2004 ва 2011 баланд арзёбӣ карда, баҳри таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Пешниҳод гардид, ки барои тақвияти ҳамкории ду кишвар абзори машваратҳои сиёсӣ таъсис дода шавад. Ҳамзамон ҷонибҳо таъкид намуданд, ки барои тавсеаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бояд талошҳои муштарак амалӣ гарданд.

Мусоҳибон доир ба масоили рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин ҳамкории Тоҷикистону Люксембург дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ табодули назар карданд.

 

Май 18, 2017 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд