Намоишгоҳи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Шашмақом дар Анқара

Май 18, 2017 10:42

ДУШАНБЕ, 18.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. 16 майи соли равон дар Донишгоҳи Ҳаҷеттепеи шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия Фестивали байналмилалии донишҷӯён баргузор шуд. Дар ҷаҳорчӯби он дар гӯшаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши асбобҳои мусиқии миллӣ бахшида ба Рӯзи Шашмақом, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 май дар Тоҷикистон  таҷлил мегардад, барпо шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара хабар доданд.

Бо иштироку дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ва  ҷалби донишҷӯёни тоҷик дар гӯшаи миллии кишвар ба меҳмонони намоиш ашёҳои гуногуни анъанавӣ ва асбобҳои мусиқии миллӣ пешкаш гардида, ба ҳозирин оид ба Шашмақом, ки яке аз намунаҳои мероси фарҳангии миллати тоҷик ба шумор рафта, соли 2003-юм дар Феҳристи куҳантарин сабкҳои мусиқӣ ва сармояи ғайримоддии ЮНЕСКО сабт шудааст, нақл карда шуд.

Сафорат Анкара 2 сафорати Анкара

Май 18, 2017 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид