Омӯзиши тарзи истифодаи дурусти журналистикаи чандрасонаӣ ба журналистони ҷавон

Май 18, 2017 09:23

ДУШАНБЕ,18.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон»  ба курси омӯзишӣ дар мавзӯи «Чандрасонаӣ дар ВАО-и муосир» оғоз кард.   Ба ин ҳамоиши омӯзишӣ кормандони эҷодии шабакаҳои телевизионӣ, нашрияҳо, оҷонсиҳои иттилоотии кишвар ҷалб гардиданд. Тӯли 5 рӯз тренерони соҳибтаҷриба Хилватшоҳи Маҳмуд ва Маҳпора Киромова ба рӯзноманигорони ҷавон  тарзи истифодаи дурусти журналистикаи чандрасонаиро ба таври назариявӣ ва амалӣ меомӯзонанд.

Семинари мазкур аз 15 то 19 май гузаронида мешавад.

Аз Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон»   ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки баъд аз анҷоми курси омӯзишӣ ба иштирокчиён шаҳодатнома  супорида мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон»   1 марти соли 2016 ба фаъолият оғоз карда, ҳадафи он такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони  ВАО-и кишвар аст.

 

 

 

Май 18, 2017 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд