Сарфароз Фаттоҳзода: «Ҷавононро сарҷамъиву муттаҳидӣ мебояд!»
ДУШАНБЕ, 18.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода бо кормандони филиали дар вилоят будаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» баргузор шуд.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд хабар доданд, мулоқот ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бахшида шуда, дар он дар баробари таърихи пайдоиши ин рӯз ва дастовардҳои ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳамчунин вазъи риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», мубориза бар зидди коррупсия, пешгирӣ аз ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва шомилшавии бархе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ баррасӣ гардиданд.
Сарфароз Фаттоҳзода зикр намуд, ки изҳори норозигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни татбиқи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки ахиран дар яке аз ҷаласаҳои Ҳукумати малакат садо дод, водор менамояд, ки дар ин самт чораҳои қатъӣ амалӣ карда шаванд.
Сарфароз Фаттоҳзода иброз дошт, ки вобаста ба ин Сарвари давлат таъмини қатъии талаботи қонунҳои амалкунандаи мамлакатро талаб намуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати ба танзим даровардан ва мувофиқ ба талаботи қонун гузаронидани ҳама гуна маъракаҳои мардумӣ ва ҷашну маросимҳои миллӣ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд. «Яке аз сабабҳои рӯи кор омадани лоиҳаи ин қонун беназорат мондани наврасону ҷавонон ва ба ҷинояткорӣ даст задани онҳо буд. Солҳои охир дар қаламрави кишвар ноболиғон ва ҷавонон ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин содир мекунанд. Ин ҳолат ташвиши аҳли ҷомеаро ба бор овардааст»,-таъкид дошт С.Фаттоҳзода.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки ҷавонони имрӯзаро мебояд дар баробари омӯзиши илму ҳунар сарҷамъу муттаҳид бошанд.









ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст






