Ян-Петер Олтерс: «Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳм мегузорад»
ДУШАНБЕ, 18.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Бонки ҷаҳонӣ барои дар амал татбиқ шудани Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳм хоҳад гузошт», — гуфт пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи нави доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс.
Ян-Петер Олтерс таъкид намуд, ки дар ҷараёни мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаи оғози марҳилаҳои нави омодасозии стратегияи миёнамуҳлати ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ омода шуда истодааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба гуфти Ян-Петер Олтерс, дар мулоқот масъалаҳои афзалятноки миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат баррасӣ гардиданд, ки яке аз онҳо таъмин намудани истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон мебошад. Дигар самти муҳим- ин беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ аст, то бахши хусусӣ тавонад дар амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ, истифода ва ворид намудани технологияи нави муосир саҳми худро гузорад.
«Бонки ҷаҳонӣ омода аст, ки бо тамоми мақомоти давлатӣ, бонкҳо ва сохторҳои хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд»,- гуфт дар анҷом Ян-Петер Олтерс.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






