Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба рушди минбаъдаи робитаҳои иқтисодии ду кишвар мусоидат хоҳад кард

Июнь 21, 2017 18:23

ДУШАНБЕ, 21.06.2017 /АМИТ «Ховар»/.  20 июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоиши истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор карда шуд, ки дар ҷараёни он масъалаҳои гуногуни имкониятҳои иқтисодии ҳарду кишвар баррасӣ карда шуданд. Дар ин бора аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамоишро Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуд.

Ҳамоиш аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Розуқулов ифтитоҳ гардида, ба муносибатҳои сиёсиву фарҳангии ҳарду давлати ҳамсоя баҳои баланд дода шуд.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон бо назардошти рушди муттасили иқтисодӣ ва  ҷойгиршавии ҷуғрофӣ  ба таҳкими равобити дӯстии халқҳои ду кишвари бародар диққати махсус дода, ташкили чунин чорабиниҳо ба рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва тақвияти доираи муносибатҳои дуҷониба дар сатҳи  давлатӣ ва муколама бо бахши хусусӣ  мусоидат хоҳад кард.

Дар чорабинӣ асосан намояндагони бахши хусусии ҳарду кишвар иштирок намуданд ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бахши саноат аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ муаррифӣ карда шуд.

Ҳамоиш натиҷаи Бизнес-форуми қаблӣ арзёбӣ гардид: танҳо тайи шаш моҳи соли 2017 зиёда аз 20 созишномаву пайнавиштҳо ба маблағи зиёда аз 316 млн. сомонӣ (35 млн.доллар) ба имзо расонида шудаанд.

Ҳамоиш бо мулоқоти дуҷонибаи намояндагони доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар формати В2В аз рӯи масъалаҳои рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвар анҷом ёфта, дар натиҷаи он 3 Созишнома ва 5 Меморандум ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни афзалиятнок ба имзо расонида шуданд. Аз ҷумла, Шартнома оид ба воридоти маводи сохтмонӣ байни ҶДММ «Авицена» (Тоҷикистон) ва «Узстройматериалы» (Ӯзбекистон) ба маблағи 3 млн. доллари ИМА, Шартнома оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи техникаи кишоварзӣ байни ОАО «УзАгротехмаш» (Ӯзбекистон) ва «Тоҷикагролизинг» (Тоҷикистон) ба маблағи 2,9 млн. доллари ИМА, Шартномаи ҳамкорӣ оид ба хариду фурӯши нӯшокиҳо байни ҶДММ «Ҷасур- РД» (Тоҷикистон) ва Ширкати Холдингии «Узбекозиқовқатхолдинг» (Узбекистон), Меморандум оид ба воридоти маводи доруворӣ байни ҶДММ «Шифочой» (Тоҷикистон) ва Ширкати «Nikapharm» (Ӯзбекистон), Меморандум оид ба воридоти доруворӣ байни ҶДММ «Шифочой» (Тоҷикистон) ва ширкати “LAXISAM” (Ӯзбекистон), Меморандум оид ба воридоти нӯриҳои минералӣ байни ҶДММ «Uzsanoatexport» (Ӯзбекистон) ва ҶДММ “Фаришта 2011” (Тоҷикистон), Меморандум оид ба воридоти масолеҳи сохтмонӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли он байни Ассотсиатсияи сохтмонӣ ва коркарди чӯб “Кедр” (Тоҷикистон) ва ҶСК “Узстройматериалы» (Ӯзбекистон), инчунин Мемарандум оид ба хизматрасониҳо дар соҳаи техникаи кишоварзӣ байни «Тоҷикагролизинг» (Тоҷикистон) ва «Узагротехмаш» (Ӯзбекистон) ба имзо расонида шуданд.

Июнь 21, 2017 18:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид