Ба театри Кӯлоб «Баҳори Ваҳдат» омад
ДУШАНБЕ, 21.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Баҳори Ваҳдат»-таҳти чунин унвон аз ҷониби ҳунармадони Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бахшида ба ҷашни таърихии миллат- 20- солагии Ваҳдати миллӣ спектакл рӯи саҳна оварда шуд, ки он бори дигар сокинонро ба ватандӯстӣ ва муттаҳидию якдигарфаҳмӣ даъват менамояд.
Тавре Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад, «Баҳори Ваҳдат» аз рӯи асари Ҷумъа Қуддус дар таҳияи коргардони театри вилоятӣ Раҳмоналӣ Одинаев рӯи саҳна оварда шудааст.
Бояд гуфт, ки муҳтавои спектакл фарогири воқеоти солҳои 90-ум буда, дар бораи чӣ гуна ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, иттиҳоду ягонагии мардум, пирӯзии ақлу заковат, аҳамияти сарҷамъии миллат ва иттиҳоду ягонагии мардум нақл мекунад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






