Баррасии рушди ҳавонавардии Тоҷикистон дар парлумони мамлакат
ДУШАНБЕ, 07.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон бо 24 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, 12 кишвари Осиё ва чанд давлати Аврупо оид ба алоқаи ҳавоӣ созишномаҳо ба имзо расонидааст». Ин нуктаро Хайруло Асозода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия зимни муҳокимаи парлумонӣ, ки дар мавзӯи «Рушди авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид, зикр намуд.
Дар ҷаласа, ки роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат иштирок доштанд, зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди авиатсияи гражданӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Ин аст, ки барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва таъмини бехатарии парвозҳо фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд бо таҷҳизоти аэронавигатсионӣ пурра таъмин карда шуда, фаъолияти низомҳои авиатсионии обуҳавосанҷӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ҷаласа ҳамзамон доир ба рушди бахши ҳавонавардии кишвар муовини Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода, муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назар Одиназода ва дигар масъулини соҳа гузориш доданд.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






