Дар Хоруғ бинои Ҷамоати шаҳраки ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ифтитоҳ гардид

Июнь 28, 2017 11:37

ДУШАНБЕ, 28.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 27 июн дар доираи амалисозии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва ба ифтихори 20-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ бинои Ҷамоати шаҳраки ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд, зимни ифтитоҳи бинои навбунёд Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед изҳор дошт, ки сол то сол бо маблағгузориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва мавриди истифода қарор додани даҳҳо иншооти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз таваҷҷуҳи рўзафзуни  Пешвои миллат ҷиҳати рушди босуботи манотиқи дурдасти кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Таъкид гардид, ки таъсиси ду ҷамоати шаҳрак бо 30 воҳиди корӣ дар маркази вилоят шаҳодати амалисозии яке аз ҳадафҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат-таъмини хаёти шоиста барои ҳар шаҳрванд аст. Зеро минбаъд сокинони қисмати Ҷамоати шаҳраки ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур имкон доранд, як қисми масоили ҳалталаби рўзгори худро бо муроҷиат ба зинаи аввали ҳокимияти маҳаллӣ-ҷамоати шаҳрак ҳал намоянд.

Июнь 28, 2017 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид