Ифтитоҳи бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат
ДУШАНБЕ, 27.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба истифода додани бинои 20 ошёнаи истиқоматӣ, бо буридани лентаи рамзӣ бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдатро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, ин бино бо маблағи умумии 8 млн. 970 ҳазор сомонӣ бо ҷалби 60 нафар сохтмончии маҳаллӣ давоми се сол бунёд ёфтааст. Санги асоси ин биноро ҳанӯз 6-уми сентябри соли 2015 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта буданд ва инак дар рӯзи таҷлил аз ҷашни 20 — солагии Ваҳдати миллӣ он аз ҷониби Роҳбари давлат ба кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат туҳфа карда шуд.
Иншооти мазкур аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 2 ҳазору 518 метри мураббаъ бунёд карда шудааст. Пудратчии асосии иншоот Корхонаи давлатии сохтмону васлгарии №2-и Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳисоб рафта, вобаста ба корҳои алоҳидаи иншоот ҶДММ “Насби Нур”, ҶДММ “НЕКО” ва ҶДММ “Сохтмони Кӯлиён” низ ҷалб шудаанд.
Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот доданд, иншооти зикргардида аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он толори маҷлис барои беш аз 100 ҷойи нишаст, ошхона, толори машқ, 50 ҳуҷраи корӣ, мошинсаро барои нигоҳдории 4 техника ва биноҳои ёрирасон, таваққуфгоҳ барои 18 автомашина ҷой гирифтааст.
Зимни боздид аз бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Сарвари давлат ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандони мақомотро ба иҷрои содиқонаву софдилонаи вазифаҳои бар уҳда доштаашон даъват карданд.









КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд






