Имрӯз 24 июн, шанбе, 175-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 190 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июнь 24, 2017 08:39

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

24 июни соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Мири шаҳри Москваи Федератсияи Россия Юрий Лужковро ба ҳузур пазируфта буданд. Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистону Россия ва ҳамкорӣ бо пойтахти он шаҳри Москва баррасӣ шуд.

***

Имрӯзи соли 2014 Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Путраҷая, ки пойтахти нави Малайзия ба шумор меравад, омада, бо дастовардҳои намоёни маркази бузурги маъмурии ин кишвари мутараққии Осиёи Ҷанубу Шарқӣ бевосита шинос шуда буданд. Тавре иттилоъ дода буданд, бунёди шаҳри Путраҷая соли 1996 оғоз ёфта, сабаби асосии ба миён овардани пойтахти нав суръати баланди афзоиш ва зичии аҳолӣ дар шаҳри Куала-Лумпур будааст.

***

24 июни соли 2013 дар шаҳри Алкувайт-пойтахти Давлати Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Кувайт, ки бо иштироки зиёда аз 150 нафар аз ду ҷониб баргузор гардид, ташриф оварда, суханронӣ намуданд.   Аз ҷониби роҳбарияти Давлати Кувайт дар Форум Сармушовири Девони Амир Абдулло Алмаътук ва муовини аввали Раиси Палатаи савдо ва саноат Холид Абдулло Ассақр иштирок намуданд.

***

24 июни соли 2013 дар толори бузурги меҳмонхонаи Шератони шаҳри Алкувайт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳайати расмии Тоҷикистон ва шумораи зиёди алоқамандони таъриху фарҳанги миллати бостонии тоҷик маросими муаррифии  китоби арзишманди таърихӣ- «Тоҷикон дар оинаи таърих»- и Эмомалӣ Раҳмон  баргузор гардид.

***

13 сол пеш, 24 июни соли 2004 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имзои Фармони худ Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуданд.

***

24 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон баргузор гадидааст.

ҶАШНҲО:

24 июн дар Озарбойҷон ҳамчун Рӯзи кормандони саноати мошинсозӣ ҷашн гирифта мешавад.

***

Дар ин рӯз дар Венесуела Рӯзи армия ва дар Финландия Рӯзи парчам таҷлил карда мешавад.

***

24 июн дар Шотландия Рӯзи Истиқлолиятро ҷашн мегиранд.

***

Инчунин 24 июн дар Франсия Рӯзи эълон намудани ҷумҳурӣ таҷлил мегардад.

РӮЙДОДҲО:

 

Дар ин рӯзи соли 2008 дар Душанбе Боғи «Пойтахт» ба истифода дода шуд.

***

24 июни соли 1885 дар Лондон Донишкадаи байналмилалии оморӣ таъсис дода шудааст.

***

77 сол муқаддам, 24 июни соли 1940 аввалин маротиба камераҳои телевизионӣ барои нишон додани ҳодисаҳои сиёсии анҷумани ҷумҳурихоҳон дар интихоботи президентии Америка истифода шудааст.

***

Имрӯзи соли 1951 шабакаи телевизионии тиҷоратии ранга ба пахши барномаҳояш шурӯъ карда буд.

***

24 июни соли 1973 Леонид Брежнев  ҳангоми сафари расмии худ ба Америка иброз дошт, ки аллакай ҷанги сард ба итмом расидааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1977 хадамоти андоз ИМА дар бораи напардохтани андози соли 1976-и Президенти Америка Ҷимми Картер хабар додааст.

***

Имрӯзи соли 1995 дар Африқои Ҷанубӣ ҷоми ҷаҳон оид ба регбӣ баргузор гардида буд.

***

24 июни соли 2001 бар асари заминҷунбӣ дар Перу 47 нафар ба ҳалокат расидаанд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ

Соли 1930 аввалин маротиба барои бехатаргардонии ҳавопаймо дар Анакост (ИМА) радар истифода бурда шудааст.

***

Соли 1947 аввалин маротиба дар осмон пайдо шудани объекти ношинос ба қайд гирифта шудааст.

***

Соли 1963 студияи ВВС дар Лондон аввалин маротиба видеомагнитофони техникиро ба намоиш гузоштааст.

 

 

 

 

Июнь 24, 2017 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст