Имрӯз, 7 июни соли 2017 аст, рӯзи чоршанбе, рӯзи 158-уми сол аст. То охири соли равон боз 207 рӯзи дигар мондааст

Июнь 7, 2017 08:00

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша    

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

7 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Ша Тсу Канро, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масоили об ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфта буданд. Дар мулоқот масоили ҳамгироии Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ дар самту соҳаҳои гуногун, аз ҷумла татбиқи ташаббусҳои глобалии кишвари мо оид ба масоили об ва Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола баррасӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти созмони «Саус-Саус Нюс» Франсис Лорензоро ба ҳузур пазируфтанд. Мавзўи асосии суҳбат бо Президенти созмони «Саус-Саус Нюс» Франсис Лорензо ҳамкорӣ дар татбиқи Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола буд.

***

7 июни соли 2010 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ  Сафири Фавқулода ва Мухтори Финландия Туула Юрёла (Tuula Yrjölä)- ро барои қабул намудани эътимодномааш ба ҳузур пазируфта буд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои дуҷонибаи ду кишварро дар доираи ҳамкории байнидавлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ  баррасӣ намуданд.

***

7 июни соли 2012 муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев намояндагони Фонди байналмилалии асъорро бо роҳбарии сариқтисодчии Шуъбаи идоракунии даромади департаменти хазинаи давлатии Фонди байналмилалии асъор  Эндрю Мастерс ба ҳузур пазируфта буд. Дар мулоқот оид ба такмили муъмурикунонии андоз, инчунин  ба андешидани тадбирҳо оид ба такмили лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус зоҳир намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2007 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ислоҳот ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»-ро ҷонибдорӣ намуда буд.

***

325 сол қабл, 7 июни соли 1692 дар пойтахи Ямайка- Порт-Роял заминҷунбӣ ва вулқон  ба амал омад, ки дар натиҷа зиёда аз 3 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

***

7 июни соли 1712 ба Пенсилвания ворид намудани ғуломон манъ карда шуд.

***

244 сол пеш, 7 июни соли 1775 Колонияи Муттаҳида ба Иёлоти Муттаҳида тағйири ном кард.

***

Дар ин рӯзи соли 1776 ҳамаи иёлоти англисии Америка ба ҷуз Ню-Йорк оид ба истиқолият овоз доданд.

***

7 июни соли 1903 дар Берлин олими франсуз Кюри оид ба кашфи як унсури нави кимиёвӣ-полония хабар дода буд.

***

Наздик ба як аср пеш, 7 июни соли 1919 дар Ню-Йорк барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ аввалин маротиба санҷиши хаттӣ роҳандозӣ гардид.

***

 7 июни соли 1924 ҳавопаймои Франсия аввалин маротиба дар ҷаҳон интиқоли аспҳоро анҷом дод.

***

Дар ин рӯзи соли 1938 ҳукумати ҳамонвақтаи миллатгароёни  Автрия эълон кард, ки ҳамаи нафароне, ки оила барпо кардан мехоҳанд, бояд ориёинажод будани худро исбот кунанд.

***

7 июни соли 1940 бомбаандози франсавӣ «Жюл Верн» аввалин бомбаро ба  Берлин партофт.

***

7 июни соли 1965 ширкати SONY аввалин видеомагнитофони хонагиро пешниҳод карда буд, ки он 20 кг вазн ва 1000 доллари америкоӣ нарх дошт.

***

Дар ин рӯзи соли 1999 дар пойтахти Австрия- шаҳри Вена ҷаласаи навбатии Шӯрои идоракунии Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ баргузор гардид.

***

18 сол пеш, 7 июни соли 1999 дар Ню Йорк ҷаласаи ҳарсолаи Раёсати Хазинаи кӯдаконаи СММ (ЮНИСЕФ) оғоз гардида буд.

***

7 июни соли 2001  куҳансолтарин зани ҷаҳон- Мари Бремон дар синни 115 аз олам даргузашт.

ИНЧУНИН  7 ИЮН

Дар Қирғизистон Рӯзи кормандони молиявӣ ва иқтисодро таҷлил мекунанд.

***

Дар Норвегия иди умумимиллӣ- Рӯзи истиқлолият ҷашн гирифта мешавад.

***

Дар Испания Рӯзи ҷумҳурӣ мебошад.

***

Дар Перу Рӯзи парчам таҷлил мешавад.

 

 

 

 

Июнь 7, 2017 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, сешанбе, 247-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, душанбе, 246-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, якшанбе, 245-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, шанбе, 244-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, ҷумъа, 243-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, панҷшанбе, 242-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, чоршанбе, 241-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, сешанбе, 240-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, душанбе, 239-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, якшанбе, 238-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, шанбе, 237-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, ҷумъа, 236-умин рӯзи соли 2024 аст