Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бошукӯҳи идона ба ифтихори 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Июнь 27, 2017 20:17

ДУШАНБЕ, 27.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии шаҳрро бо 25 ҳазор ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Барои сохтмони варзишгоҳ 47 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр ва 20 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардида буд.

Варзишгоҳ аз 6 қисм иборат буда, дар он иншооти гуногуни хизматрасонӣ, аз қабили меҳмонхона, толорҳои варзишӣ, нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ва бинои маъмурӣ бунёд гардидааст. Ҳамчунин оянда дар атрофи варзишгоҳ сохтмони боғи фарҳангию фароғатӣ, сохтмони Маҷмааи “Ваҳдати миллӣ”, Кохи ақди никоҳ ва бинои амфитеатр пешбинӣ шудааст, ки бояд то соли 2018 бунёд гардад.

Ёдовар мешавем, ки санги асос барои бунёди варзишгоҳ 28 августи соли 2014 аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд. Ҳамон вақт Сарвари давлат супориш дода буданд, ки ҳамаи корҳои бунёдӣ ва ободонии атрофи варзишгоҳ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморию сохтмонӣ анҷом ёфта, иншооти мазкур дар рӯзи ҷашни 20 — солагии Ваҳдати миллӣ ба истифода дода шавад.

Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Авлиёхӯҷа” ва Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Алянс Сомон” иҷро гардидааст. Дар корҳои сохтмону таҷҳизонидани Варзишгоҳ ҳамчунин коргарону мутахассисони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Мунис-С”, “Ҳамсафар”, “Насби Нур”, “Салмон-Сохтмон”, “Фаридун”, “Темурҷон”, “ИМО” ва “Нури Ҳамадон” саҳм гузоштаанд.

Пас аз ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат дар иншооти наву замонавӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бошукӯҳи идона ба ифтихори 20 — умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Барои иштирок дар ин тадбири муҳим ва таҷлили ботантанаи санаи таърихӣ меҳмонони зиёд аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ, аҳли зиёи кишвар, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва сокинону фаъолони шаҳри Ваҳдат ҷамъ омаданд.

Нахуст Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни ҷашнвора ва дар шахси онҳо кулли шаҳрвандони мамлакат, инчунин ҳамватанони бурунмарзиро бо 20 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, аз роҳи пуршарафи тайкардаи миллати сулҳофари тоҷик давоми 20 сол андешаронӣ карданд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рангини ҳунарӣ, ки таҷассумгари дастовардҳои 20 — соли Ваҳдати миллӣ буд, пешкаши иштирокчиёни ҷамъоамади идона карда шуд.
Иштирок дар чорабинии бошукӯҳи идона ба ифтихори 20 - умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ 27.06.2017

Июнь 27, 2017 20:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон