Кӯмаки моддии Пешвои миллат ба бошандагони Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе

Июнь 25, 2017 14:23

ДУШАНБЕ, 25.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар арафаи Иди Саиди фитр дар асоси дастуру супоришҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ба Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе кӯмаки яквақтаи моддии Пешвои миллатро тақдим намуда, барои бошандагон дастархони идона оростанд.

Нахуст Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ба 100 нафар шахсони яккаву танҳо, маъюб, нафақахӯр ва нафароне, ки дар зиндагӣ ба ғамхории ҳамешагии давлату ҳукумат ниёз доранд, 1000 сомонӣ тӯҳфаи идонаи Пешвои миллатро тақдим карданд.

MNK_7075

Ин тадбири хайр идомаи мантиқии сиёсати неку бобарори иҷтимоӣ ва таваҷҷӯҳи ҳамешагии Сарвари давлат нисбат ба шахсони эҳтиёҷманд, бепарастор, ятим, маъюб ва дигар табақаҳои ниёзманд мебошад, ки дар арафаи иди саиди фитр, моҳи хайру эҳсон амалӣ гардид.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун шахси раъиятпарвар ва ғамхори миллат доимо аз аҳли ҷомеа дасти кӯмаку хайр дароз кардан ба табақаҳои ниёзмандро талаб менамоянд. Хушбахтона имрӯзҳо ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳида бо ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои саховатмандонаи Президенти мамлакат мактаб-интернатҳо, хонаи кӯдакон, марказҳои тавонбахшии шахсони маъюб, инчунин ятимони куллро ба сарпарастӣ гирифта, дар арафаи ҷашнҳои  давлатию миллӣ ва ҳам дар дигар иду айём ба аёдати эҳтиёҷмандон рафта, ба онҳо кӯмаки моддию маънавӣ мерасонанд.

Сарпарастии Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанберо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба зимма дорад ва то имрӯз бо пуштибонӣ аз ташаббусҳои хайрхоҳонаи Президенти мамлакат доимо аз шароити будубоши онҳо бохабар ҳастанд ва барои зисташон тамоми шароитҳои иҷтимоиро муҳайё кардаанд.

Зимни суҳбат бо пиронсолон аз шароити буду бош, истироҳату табобат ва дигар имтиёзҳое, ки аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар барои онҳо муҳайё карда гардидаст, пурсида шуд.

MNK_7174

Нафақахӯрону маъюбон дар навбати худ ҳар кадоме бо изҳори сипос ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамешагӣ миннатдорӣ баён карда, дуои бақои давлату миллат ва саломатии Раҳбари ғамхори хешро намуданд.

Имрӯз дар баробари расондани кӯмаки моддӣ, ҳамчунин дар асоси супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нафақахӯрону маъюбони ин даргоҳ дастархони пурнозу неъмат бо чанд намуд таомҳои лазиз, шириниҳо ва меваҷоти гуногун, ки табъи дил ва хоҳиши пиронсолон буд, ороста шуд.

Дар Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тиббӣ, ҳуқуқӣ ва равонӣ расонда мешавад, ки ин ҳама аз ғамхориҳои Ҳукумати кишвар барои табақаҳои эҳтиёманди аҳолӣ мебошад.

MNK_7286

Июнь 25, 2017 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд