Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Венгрия Петер Сийярто
ДУШАНБЕ, 28.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Венгрия Петер Сийярторо ба ҳузур пазируфтанд.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Венгрия мақоми муҳим дошта, 25 сол боз дар сатҳу зинаҳои барои ҳарду ҷониб судманд идома доранд.
Дар дидору вохӯрии имрӯза имконияти мусоид барои баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Венгрия арзёбӣ шуд.
Аз сатҳи робитаҳои сиёсии Тоҷикистон ва Венгрия изҳори қаноатмандӣ карда, ҳарду ҷониб барои идомаи бобарори ҳамгироӣ дар доираи СММ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалии иқтисодию молиявӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Ҷонибҳо хостгори тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, гидроэнергетика, технологияи инноватсионӣ, маориф, тандурустӣ, фармасевтӣ ва фарҳанг гардида, дар оянда таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ба роҳ мондани робитаи мустақими доираи соҳибкорону тоҷирон, таъсиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки коркарди нахи пахта, меваю сабзавот, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, сангҳои қиматбаҳо ва металл, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва сохтмонӣ, инчунин таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи туризмро муҳим шумориданд.
Ба нақш ва пешоҳангии Тоҷикистон дар истифодаи захираҳои обӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об баҳои баланд дода шуд ва таҳкими робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Венгрия дар доираи узвияти ҳар ду давлат дар Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои марбут ба об таъкид гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои марбут ба таъмини амнияту бехатарӣ дар Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ баррасӣ шуд.









Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






