Сафири Британияи Кабир Ҳю Филпотт: «Британия шарики қадрдони Тоҷикистон мебошад…»

Июнь 25, 2017 09:07

ДУШАНБЕ, 25.06.2017./АМИТ «Ховар»/.  21 июн Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон дар саҳифаи худ дар шабакаи Фейсбук навореро ба намоиш гузошт, ки дар бадали як шабонарӯз қариб ду ҳазор нафар истифодабарандагони ин шабака аз он дидан намуданд.

Дар навори видеоӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳю Филпотт аз фаъолият ва тасмимҳои сафорат бо забони англисӣ чунин  арз  намудааст:

«Хуш омадед ба Тоҷикистон, ки дар дили Осиё воқеъ аст!

Ман ва тими ман Британияи Кабирро дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон намояндагӣ мекунем.

Сулҳу суботи Тоҷикистон ба манфиати минтақа ва ҷаҳон муҳим аст.

Британия шарики қадрдони Тоҷикистон мебошад ва мо якҷоя барои рушди устувори ин кишвар кӯшиш мекунем.

Мо бо намояндагӣ аз мардуми Британияи Кабир дар Тоҷикистон мақсад дорем бо Ҳукумат ва мардуми ин кишвари зебо ҳамкорӣ кунем, то ба дастовардҳои зарурӣ ноил шавем.

Саломат бошед! Ташаккури зиёд!».

Қобили зикр аст, ки ҷаноби Филпотт ҷумлаҳои аввал ва охири худро бо забони тоҷикӣ низ баён медорад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, чанде қабл Сафири Британияи Кабир Ҳю Филпотт баёнияе нашр кард ва зимни он аз табиати нотакрор ва имкониятҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон ситоиш намуда буд.

Филпотт-0

Июнь 25, 2017 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст