Қӯшунҳои сарҳадӣ дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2017» зиёда 185 кг маводи мухаддир мусодира намуданд
ДУШАНБЕ, 21.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2017» аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 185 кг маводи мухаддир ошкор ва мусодира карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ниҳоди мазкур хабар доданд, аз тарафи хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ 6 кг 761 гр героин, 33 кг бангдона, 81 кг 680 гр ҳашиш, 63 кг 77 гр афюн, 1 кг амфетамин ва 179368 ниҳоли банги худрӯй мусодира гардид.
Бояд гуфт, ки амалиёти «Кӯкнор» бо мақсади ошкор, пешгирӣ ва боздошт намудани интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамасола дар қаламрави кишвар дар ду марҳила – аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябр гузаронида мешавад.
Барои амалӣ намудан, назорат ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ситодҳои корӣ ташкил гардидаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






