Ваҳдати миллӣ асоси бунёди давлатдории навини тоҷикон

Июнь 24, 2017 10:12

«Ғояи сиёсиву мафкуравии мо ваҳдату ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободии Ватани азизамон мебошад». 

Эмомалӣ Раҳмон

 

ДУШАНБЕ, 24.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сулҳу Ваҳдати комили миллати тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Таърих хуб ёд дорад, ки   охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-ум   гурӯҳои манфиатхоҳ арзи ҳастӣ намуданд, ки  аҳамияти дар сулҳу салоҳ зистанро сарфи назар намуда, барои ҷоҳу ҷалол аз ҳеҷ чиз рӯй намегардонданд.  Вақте ин ҳама кишварро ба оташи ҷангу низоъ кашид, бисёриҳо умед надоштанд, ки дар ояндаи наздик дар мамлакат сулҳу салоҳ барпо мешавад, инро мисли афсона мепиндоштанд.   Хушбахтона  бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллатамон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ин афсона мба ҳақиқат табдил ёфт ва халқи тоҷик сулҳу ваҳдат ба даст овард.

Роҷеъ ба аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо    Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, профессор  Диловар Қодирзода ҳамсуҳбат  гардид.

«Таърих гувоҳ аст, дар аввалҳои солҳои 90-уми асри XX раванди ноил гаштан ба соҳибихтиёрӣ ва бунёди заминаҳои давлатдории миллӣ дар замони пошхӯрии давлати абарқудрати Шӯравӣ ва аз ҷониби собиқ ҷумҳуриҳои он паси ҳамдигар эълон намудани Истиқлолияти давлатӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар ҳамин ҳошияи фурӯравии давлати Шӯравӣ ва бархӯрди манфиатҳои динию сиёсӣ халқи тоҷик низ Истиқлолияти давлатии худро эълон дошт, ки он минбаъд бо муаммоҳо рӯ ба рӯ шуд. Эмиссарони хориҷӣ тавонистанд бо истифода аз қувваҳои иртиҷоии дохилӣ муқобилият ва барангехтани ҷанги бардавоми шаҳрвандиро ба Тоҷикистон таҳмил намоянд, ки он ниҳоят ҷумҳуриро ба муборизаи хунини дохилӣ ва қурбониҳои зиёд мубтало намуд»,-зикр намуд дар суҳбат Д. Қодирзода.

Ба гуфти ӯ, «вазъият чунин рушд меёфт, ки фаъолияти мақомоти конститутсионии кишвар фалаҷ гашта, роҳбарони онвақта аз идоракунии давлат даст кашида буданд ва низоми давлатдорӣ ба дасти яроқдорон гузашт, ки миллатро ба саргумӣ, парокандагӣ ва давлатро ба нестшавӣ рӯ ба рӯ намуд. Душманони хориҷӣ ва дохилии кишвар нақшаи қисмат намудани Тоҷикистонро кайҳо таҳрезӣ намуда буданд. Дар чунин вазъият мамлакат ба роҳбаре ниёз дошт, ки дорои иродаи қавии сиёсӣ бошад, омода бошад ҳатто ҷони худро барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ҳамчун яке аз арзишҳои ҳифзкунандаи манфиатҳои миллӣ нисор намояд. Аз тарафи дигар зарурияти дар ҳам якҷоя намудани салоҳияти рукнҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ бараъло эҳсос карда мешуд».

Чи тавре ки мусоҳиб зикр намуд: «Иҷлосияи XVI-уми таърихии тақдирсози Шўрои Олии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд шуда гузашт, масъалаи асосӣ — ҳастии давлатдории тоҷикон, наҷотдиҳии миллатро аз буҳрони сиёсӣ бояд ҳал менамуд. Дар Иҷлосия вакилон ба вазъи сиёсии кишвар баҳо дода, ба моддаҳои 99, 106, 108, 109 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1992 тағйиру иловаҳо ворид намуда, вазифа ва ваколатҳои ҳокимияти иҷроия ва қонунгузориро якҷоя карданд. Акнун Шӯрои Олии ҷумҳурӣ мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ дониста шуда, ба он вазифаи қонунбарорӣ, иҷроия ва назоратӣ вогузор карда шуд ва ваколатҳои  Сардори давлат, Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, зомини ҳуқуқу озодии шаҳрвандон будан ба Раиси Шӯрои Олӣ дода шуд».

«Ба хотири раҳоӣ ёфтан аз ин бӯҳрон ва барқарор намудани сохтори конститутсионии кишвар вакилон шахсеро меҷӯстанд, ки дар чунин шароит масъулияти сангинро доир ба иҷрои вазифаҳои закршуда ба дӯш гирад. Ва ниҳоят вакилон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Роҳбари давлат баъди ба дӯш гирифтани ин масъулият борҳо бо мухолифин дар бобати сарҷамъ намудани миллат ва ташкили давлати миллӣ гуфтушунид анҷом дода, даҳҳо ҳуҷҷатҳои расмиро ба имзо расонидаанд. Ниҳоят 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расонида шуд, ки барои ҷаҳониён таҷрибаи нодир шуд ва ҳамин рӯз Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид»,-зикр намуд Д. Қодирзода.

Ба зикри номбурда: «Беҳуда нест, ки соли 1988 дар Иҷлосияи 41-уми Ассамблеяи Генералии СММ сиёсати мусолиҳаи миллӣ ба таври расмӣ ҳамчун тарҳи бунёди ҳалли низоъҳои дохилимиллӣ ва минтақавӣ эътироф гардид. Ба ин муносибат Муншии Умумии СММ Кофи Аннан таъкид карда буд: «Президенти Тоҷикистон намунаи ибрати аз зуроварӣ даст кашидани ҳалли муаммоҳои дохилимиллиро нишон дод».

Ваҳдати миллӣ чунин арзише мебошад, ки он дар натиҷаи ризоияти миллӣ ба даст омадааст ва он ба бунёд ва рушди тамоми унсурҳои ҷомеа ва давлат такя менамояд. Таҷрибаи талхи Тоҷикистон маҳалгароиро ҳамчун марази бедавои ҳокимияти сиёсӣ ба исбот расонида, ваҳдатро ҳамчун омили муттаҳидкунанда ва пешбаранда, раҳоӣ ёфтан аз ин касалӣ нишон дод».

«Ваҳдати миллӣ дар сиёсати давлатдорӣ ва ҳаёти воқеӣ аз рӯйи манфиати миллат ба роҳ мондани идораи давлат ва ба ҳалли масъалаҳои ҳаёти рӯзмарраи халқу миллат равона гардида, заминаҳои худшиносии миллиро фароҳам месозад. Номатлуб будани равия ва хатари ҷудоиандозии маҳалгароиро рафъ сохта, ба бунёд ва ташаккули давлати миллӣ, афкору шуури миллӣ ва ҷаҳонбинию психологияи миллӣ тавон мебахшад. Ваҳдати миллӣ ин асоси соҳибихтиёрии халқ буда, дар заминаи он давлати миллӣ ва истиқлолияти он дар заминаи конститутсионӣ ташкил карда шуда, имрӯзҳо бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст»,-иброз дошт Д. Қодирзода.

Инчунин Д. Қодирзода илова намуд: «Ваҳдати миллии Тоҷикистон дар баробари Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу амнияти саросарӣ ва тамомияти арзии кишвар аз ҷумлаи арзишҳои тақдирсози давлатдорӣ ва давлатсозии навини мо маҳсуб мешавад. Ин арзиш ифодаи худро дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дарёфт, ки ҳамасола 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ муқаррар шудааст ва рӯзи истироҳати ғайрикорӣ аст».

Бояд тазаккур дод, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи сулҳи тоҷикон, бунёд ва ташаккули давлати миллӣ беназир аст. Баҳри гиромидошти Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки дар Анҷумани 3-ми он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Соҳибихтиёрии ҳар як кишварро асосан се арзиши муқаддас: истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдату ризоияти ҷомеа муайян месозад».

Аз ин лиҳоз, бешубҳа метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ – асоси бунёдии давлатдории миллӣ мебошад.

Ибодат ДАВЛАТОВА

 

Июнь 24, 2017 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон