МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мавиз хушкмеваи фоидабахш ва серғизо буда, аз витаминҳо бой аст
ДУШАНБЕ, 26.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ангур меваи коркардшавандаи саноатӣ буда, дар шароити Тоҷикистон зиёда аз 200 намуди он парвариш карда мешавад. Аз ин мева тақрибан 50 навъи маҳсулоти истеъмолӣ омода мегардад. Яъне, аз поя то барги он дар саноати истеъмолӣ истифода мегардад. Барои хушк намудани он навъҳои мавизӣ ва кишмишӣ интихоб карда мешаванд. Чунин иброз намуданд мутахассисони соҳаи кишоварзӣ.
— Дар айни замон дар мамлакат ҷамъоварии меваи ангур идома дорад. Ангур меваи коркардшавандаи саноатӣ буда, онро муташаккилона ҷамъоварӣ менамоянд. Ҳосилнокии баланду таъми лазизи ангури дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда аз ҳавои мусоид ва иқлим вобастагӣ дорад. Самаранок истифода бурдани технологияи имрӯза дар соҳаи ангурпарварӣ имкон додааст, ки мамлакати мо аз ҷиҳати истеҳсол дар Осиёи Марказӣ яке аз беҳтаринҳо гардад. Дар мамлакат аз аввали тобистон то охири фасли тирамоҳ ангур фаровон аст. Имрӯз олимон ва мутахассисони Осиёи Марказӣ бо таҷрибаи парвариши ангур дар Тоҷикистон шинос шуда, онро дар кишварҳои худ истифода менамоянд.
Муовини Раиси шаҳри Турсунзода Раҳматулло Турсунзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки ангурро дар минтақаҳои гуногуни мамлакат бо тарзу усули хос хушк менамоянд. Асосан дар мамлакат ангурро дар зери шуоъҳои Офтоб бе истифодаи маҳлулҳои химиявӣ ва ё бо истифодаи маҳлулҳои гуногун дар зери нурҳои Офтоб ва соя хушк менамоянд.
Ангурро аз буттааш ҷамъоварӣ мекунанд, аввал дар оби ҷӯшомада маҳлули ишқор илова карда, баъдан ду хӯшаи ангури ба ҳам пайвастро ба муддати аз 2 то 3 дақиқа дар об нигоҳ дошта, сипас овезон мекунанд. Муҳлати тайёр шудани мавиз бо чунин усул аз 15 то 20 рӯзро дар бар мегирад. Пас аз сипарӣ шудани ин муддат донаҳои мавизро ҷудо карда, дар ҷойи муайян то хушк шуданаш нигоҳ медоранд.
Ангурпарварони мамлакат мавизро бо ду усул — офтобӣ ва соягӣ омода менамоянд. Бо назардошти иқлим ва шароити мусоиди мамлакат усули офтобиро бештар истифода менамоянд.
Ба иттилои мутахассисон, мавизи дар Офтоб хушкшаванда назар ба усули соягӣ зудтар омода мегардад ва хуштамъу босифат аст. Инчунин ҳангоми тайёр намудани чунин мавиз ягон маҳлули кимиёвӣ истифода намегардад ва он аз лиҳози экологӣ тозаву безарар буда, ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст. Ҳадаф аз хушкнамоии ангур бо чунин тарзу усул рақобатпазир гардонидани маҳсулоти истеҳсолии ватанӣ ва баромадан ба бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки аз 4 килограмм ангур 1 килограмм мавиз омода карда мешавад.
Ба иттилои ғизошиносон, мавиз хушкмеваи фоидабахш ва серғизо мебошад. Таркиби он аз витаминҳои гурӯҳи В, витамини С, минералҳои гуногун, ба монанди оҳан, калий, калтсий, фосфор ва антиоксидантҳо бой аст. Минерали асосии мавиз – оҳан мебошад ва истеъмоли он ба муолиҷаи бемории камхунӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон хӯрдани мавиз барои дил, дандону устухон ва чашм манфиати хуби шифоӣ дорад.
Ба тавсияи мутахассисон, гурӯҳи витаминҳои В, ки дар таркиби мавиз мавҷуд аст, ҳолати системаи асабро муътадил нигоҳ медорад. Витамини С дар фасли зимистон масунияти организмро баланд бардошта, неруи инсонро тақвият мебахшад.
Таҳқиқоти кардиологҳо тасдиқ намуд, ки мавиз ба кори дил ва рагҳои хунгузар таъсири судманд мерасонад. Истеъмоли он гардиши хунро беҳтар сохта, фишори хунро паст менамояд. Мавиз инчунин хавфи сар задани сактаи дилро пешгирӣ намуда, камхуниро бартараф месозад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Бангкок мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз баргузор шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
Дар доираи Форуми тиҷоратии «New Silk Way» роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон вохӯрӣ намуданд
Мораторий ба санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна то 1 январи соли 2029 тамдид карда мешавад
АЗ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ТО ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Марҳилаи нави ислоҳоти давлатӣ
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад






