Вазири корҳои хориҷии Швейтсария Дидйе Буркхалтер: «Тоҷикистониҳо тавонистанд дар ЭКСПО-2017 тамоми ҷаззобияти кишвари зебои кӯҳиро нишон диҳанд»

Июнь 21, 2017 15:24

ДУШАНБЕ, 21.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҳукумати Швейтсария таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Дидйе Буркхалтер аз гӯшаи (павилйони) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии махсусигардонидашудаи «ЭКСПО-2017» дар Остона дидан кард.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Директори Гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Одил Сангов ба таваҷҷуҳи меҳмонон навори видеоиеро бо шарҳи ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об пешкаш намуд. Зикр гардид, ки Тоҷикистон яке аз марказҳои пешбари  «дипломатия дар соҳаи об» дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаҳои СММ оид ба масъалаҳои об махсус таъкид гардид. Ҳамчунин ба ташаббуси ҷаҳонии нави Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии СММ дар Душанбе як зумра чорабиниҳои байналмилалии сатҳи ҷаҳонӣ бахшида ба масъалаи об баргузор гардиданд.

IMG_2239-e1497888713173Одил Сангов иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистонро ба намоиш гузошта, дар бораи захираҳои оби мамлакат маълумот дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки аз рӯи ҳаҷми захираҳои об Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷои 3-юм ва дар ҳудуди ИДМ ҷои 2-юмро ишғол мекунад.  Захираҳои умумии солонаи гидроэнергетикии Тоҷикистон 600 миллиард киловатт/соат-ро ташкил медиҳанд.

Ба меҳмонон ҳамчунин дар бораи Барномаи комплексии мақсаднок доир ба истифодабарии васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва дурнамои рушди энергияи офтобӣ маълумот дода шуд.

Дидйе Буркхалтер бо экспозитсияи Тоҷикистон батафсил шинос шуда, чунин зикр кард: «Тоҷикистониҳо тавонистанд дар ЭКСПО-2017 тамоми ҷаззобияти кишвари зебои кӯҳиро нишон диҳанд. Швейтсария ва Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат, аз ҷумла аз ҷиҳати табиати нотакрори кӯҳӣ, дарёҳои пурмавҷ, кӯлҳо, манбаъҳои обҳои шифобахш ва олами набототу ҳайвонот ба ҳам монанд мебошанд».

Ӯ ҳамчунин хотироти худро дар Китоби меҳмонони фахрӣ қайд карда, аз ҷумла, чунин нигошт: «Дар Павилиони Тоҷикистон зебогии кушвари кӯҳи ба пуррагӣ нишон дода шуда, иқтидори он инъикос ёфтааст. Ман дар шаҳри Душанбе будам, дарҳақиқат пойтахти Тоҷикистон бисёр зебо аст ва ботадриҷ рушд мекунад».

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи «ЭКСПО-2017» дар Остона аз 10 июн то 10 сентябр ҷараён хоҳад дошт. Дар доираи ин чорабинӣ дастовардҳои нави илм дар соҳаи рушди «энергияи сабз» ба намоиш гузошта мешаванд.

 

Июнь 21, 2017 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад