Аҳтам Абдуллозода: «Марҳилаи сеюми Фестивали намудҳои миллии варзиш дар Душанбе бо шаҳомати хосса доир мегардад»

Июль 13, 2017 17:17

ДУШАНБЕ, 13.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Кумитаи кор бо  ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон ба хабарнигорон гузориш дод.

Раиси Кумитаи кор бо  ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки варзиш як рукни муҳими фарҳанги миллат ба ҳисоб рафта, дар доираи он тарбия намудани насли наврас барои халқи тоҷик бениҳоят муҳим аст.

Ба гуфтаи номбурда, варзиши миллӣ  аз қадим то ба имрӯз дорои мантиқ ва фалсафаи бой мебошад.

«Ба хотири аз байн нарафтани варзиши миллӣ аз оғози соли 2017 Фестивали намудҳои миллии варзиш аз сари нав ба нақша гирифта шуда, зери роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ марҳилаи якуми он дар арафаи ҷашни Наврӯз байни деҳаҳо баргузор гардид. Марҳилаи дуюм бошад  дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ байни ноҳия ва шаҳрҳои минтақаҳо доир гардида, тими мунтахаби минтақаҳои кишвар  барои иштирок дар марҳилаи сеюми Фестивал муайян  гардид»,-гуфт Раиси Кумитаи кор бо  ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамчунин номбурда зикр кард, ки имрӯз  Кумитаи кор бо  ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки марҳилаи сеюми  Фестивали намудҳои миллии варзиш  дар шаҳри Душанбе бо як шаҳомати хосса доир гардад.

Дар Фестивали намудҳои миллии варзиш аз рӯи 8 намуди варзиш мусобиқа ва  аз рӯи 12 намуди варзиш намоиши варзишӣ барои ҳаводорони намудҳои миллии варзиш  ба нақша гирифта шудааст.

«Мо тасмим гирифтаем, ки дар оянда Фестивали намудҳои миллии варзишро дар тақвим ҷойгир кунем ва ҳамасола онро  баргузор намоем», — иброз дошт Аҳтам Абдуллозода.

Июль 13, 2017 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард