Агентии обуҳавошиносӣ: гармии ҳаво дар баъзе минтақаҳои кишвар то охири моҳ боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 26.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 26 июл дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат ба 43 дараҷа мерасад.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят 29-34 дараҷа ва дар шарқи он 16-21 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр шуда, дар водиҳо 38-43 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, ҳарорат 36 -41 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, ҳарорат дар водиҳо ба 36-41 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, 38 – 40 дараҷа гарм мешавад.








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






