Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохторҳои СММ ва Канада баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 18.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. 17 июл дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Раиси Иҷлосияи 71-уми Маҷмааи Умумии СММ Питер Томсон мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳадафҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои СММ, аз ҷумла масоили ҷории иқтисодӣ ва иҷтимоиро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор табодули назар намудаанд.
Ҳамзамон худи ҳамон рӯз Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Неъматулло Ҳикматуллозода бо Вазири корҳои хориҷии Канада Кристиа Фриланд мулоқот намуд, ки дар ҷараёни он масоили мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Канада баррасӣ гардида, вобаста ба масъалаҳои марбут ба бозори меҳнат, об ва рушди минбаъдаи робитаҳои иқтисодӣ табодули афкор сурат гирифт.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






