«Ҳамватанони маъюбу бепарастор зери таваҷҷуҳ ва дастгирии мо қарор доранд»-таҷлили Рӯзи маъюбон дар Хатлон
ДУШАНБЕ, 07.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳтар намудани вазъи зисту зиндагонии шахсони дорои имконияташон маҳдуд, фароҳам овардани шароитҳои мусоиди солимгардонӣ, омодагии касбӣ, фароғативу истироҳатии маъюбон ва дастгирии моддиву маънавии онҳо пайваста тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст.
Бо ин мақсад дирӯз дар Боғи фарҳангиву фароғатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо ташаббуси Ҷамъияти маъюбони шаҳр ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи маъюбон ва пиронсолони Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ ва Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Ҳамватанони маъюбу бепарастор ва ятимон ҳам зери таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор доранд!» доир гардид.
Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода, раиси филиали ташкилоти ҷамъиятии Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон дар шаҳри Қӯроғонтеппа Абдусамад Бобоҷонов, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва як гурӯҳ маъюбон ҷамъ омада буданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ ба 50 нафар маъюбон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






