Ба КВД «Гулистон»-и шаҳри Душанбе 100 адад мошинҳои дарздӯзӣ барои занони хонашин тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 04.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба КВД «Гулдастон»-и шаҳри Душанбе 100 адад мошинҳои дарздӯзӣ барои 100 нафар занони хонашин аз оилаҳои камбизоат тақдим гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими тақдими таҷҳизоти дӯзандагӣ зикр гардид, ки ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Чин ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии занону духтарон, дар ҷомеа мавқеи хосса пайдо намудани онҳо ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба заминаи боэътимод мегузорад.
Аз ҷумла Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юе Бин иброз дошт, ки рӯз аз рӯз ҳамкории минбаъдаи ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя боз ҳам густариш ёфта, дӯстиву рафоқат барои нақшаҳои оянда заминаи боэътимод хоҳад гузошт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад






