Ба КВД «Гулистон»-и шаҳри Душанбе 100 адад мошинҳои дарздӯзӣ барои занони хонашин тақдим гардид

Июль 4, 2017 14:56

ДУШАНБЕ, 04.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба КВД «Гулдастон»-и шаҳри Душанбе 100 адад мошинҳои дарздӯзӣ барои 100  нафар занони хонашин аз оилаҳои камбизоат тақдим гардид.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар  маросими тақдими таҷҳизоти дӯзандагӣ зикр гардид, ки ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Чин ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии занону духтарон, дар ҷомеа мавқеи хосса пайдо намудани онҳо ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба заминаи боэътимод мегузорад.

Аз ҷумла Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юе Бин иброз дошт, ки рӯз аз рӯз ҳамкории минбаъдаи ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя боз ҳам густариш ёфта, дӯстиву рафоқат  барои нақшаҳои оянда заминаи боэътимод хоҳад гузошт.

 

Июль 4, 2017 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Хоруғ мизбони конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар самти сулҳу ваҳдат шуд