Боздошти директори таълимгоҳ барои талаби пора аз довталаб

Июль 14, 2017 11:23

ДУШАНБЕ, 14.07.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти директори Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом, ки дар гирифтани пора барои дохил намудани як сокини шаҳри Исфара гумонбар мешавад, хабар медиҳад.

Тавре аз ВКД ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ноҳияи Муъминобод, омӯзгори Коллеҷи тиббии ш.Конибодом ва директори Коллеҷи мазкур, марди 33-солаи сокини шаҳри Конибодом ҳамчун гумонбар дар гирифтани пора дастгир карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ,  номбурдагон рӯзи 4-уми июли соли равон бо маслиҳати пешакӣ барои дар ин Коллеҷ ҳамчун донишҷӯ дохил намудани ҷавонписари 22-солаи шаҳри Исфара, аз зани 54-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, маблағи 1800 доллари амрикоиро ҳамчун пора талаб намудаанд. Сипас, рӯзи 12-уми июли соли ҷорӣ тахминан соати 16:00-дақиқа, омӯзгор бо ҳамроҳии директори муассисаи мазкур дар утоқи кориаш дар Коллеҷи тиббӣ ҳангоми аз зани номбурда гирифтани маблағи 1800 доллари амрикоӣ дастгир карда шуданд.

Июль 14, 2017 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд