Дар Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон беш аз 50 синфхонаи замонавии мултимедӣ бунёд мегардад

Июль 19, 2017 16:43

ДУШАНБЕ, 19.07.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи  давлатии  забонҳои  Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода  нақшаҳои таълимии нав аз рӯи 27 ихтисос барои зинаи бакалавр ва 5 ихтисос барои зинаи магистратура  таҳия гардида, то оғози соли таҳсили нави 2017-2018 беш аз 50 синфхонаи замонавии мултимедӣ  ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи  давлатии  забонҳои  Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода  Маҳмадулло Раҷабзода иттилоъ дод.

Зикр гардид, ки сатҳи дониши донишҷӯёни Донишкада дар давраи ҳисоботӣ 88 дарсадро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 5 фоиз баланд аст. Аз 1830 нафар донишҷӯи чор факултет 1824 нафар  ба сессияи  имтиҳонӣ роҳ ёфтанд. Даври академии дуюмро  59 нафар донишҷӯ бо баҳои аъло, 503 нафар донишҷӯ бо баҳои хубу аъло, 30 нафар бо баҳои хуб, 1003 нафар бо баҳои омехта ва 15 нафар бо баҳои миёна ҷамъбаст намуданд.

Июль 19, 2017 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа