Дар Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон беш аз 50 синфхонаи замонавии мултимедӣ бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 19.07.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода нақшаҳои таълимии нав аз рӯи 27 ихтисос барои зинаи бакалавр ва 5 ихтисос барои зинаи магистратура таҳия гардида, то оғози соли таҳсили нави 2017-2018 беш аз 50 синфхонаи замонавии мултимедӣ ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Маҳмадулло Раҷабзода иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки сатҳи дониши донишҷӯёни Донишкада дар давраи ҳисоботӣ 88 дарсадро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 5 фоиз баланд аст. Аз 1830 нафар донишҷӯи чор факултет 1824 нафар ба сессияи имтиҳонӣ роҳ ёфтанд. Даври академии дуюмро 59 нафар донишҷӯ бо баҳои аъло, 503 нафар донишҷӯ бо баҳои хубу аъло, 30 нафар бо баҳои хуб, 1003 нафар бо баҳои омехта ва 15 нафар бо баҳои миёна ҷамъбаст намуданд.








Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






