Дар Душанбе масъалаҳои гумрукӣ байни Тоҷикистону Латвия баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 04.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Латвия дар меҳвари мулоқоти сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб ва Сафири Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагӣ дар шаҳри Тошканд Эдгарс Бондарс қарор дошт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот мусоҳибон масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Хадамоти даромади давлатии Латвияро баррасӣ намуданд. Таъкид гардид, ки Хадамоти даромади давлатии Ҷумҳурии Латвия бо мақсади баланд бардоштани самаранокии чораҳои пешгирии қоидавайронкунӣ дар соҳаи гумрук ҳангоми гузаронидани амалиёти убурӣ (транзит), ҳамчунин таҳкими густариши робитаҳо миёни Хадамоти гумруки Латвия ва Тоҷикистон лоиҳаи муштараки «Идоракунии самараноки хавфҳои гумрукӣ ҳангоми иҷрои назорати боэътимоди гумрукӣ» — ро омода намудааст.
Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи мазкурро сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон қобили қабул донист.
Бояд тазаккур дод, ки гардиши мол байни Тоҷикистон ва ин кишвари соҳили Балтика- Латвия дар соли гузашта 6,3 миллион долларо ташкил дод, ки ин омор дар қиёс ба соли 2015 беш аз ду маротиба коҳиш ёфтааст.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд






