Дар Душанбе масъалаҳои гумрукӣ байни Тоҷикистону Латвия баррасӣ гардиданд

Июль 4, 2017 08:59

ДУШАНБЕ, 04.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Латвия дар меҳвари мулоқоти сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб ва Сафири Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо намояндагӣ дар шаҳри Тошканд Эдгарс Бондарс қарор дошт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот мусоҳибон масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Хадамоти даромади давлатии Латвияро баррасӣ намуданд.   Таъкид гардид, ки  Хадамоти даромади давлатии Ҷумҳурии Латвия бо мақсади баланд бардоштани самаранокии чораҳои пешгирии қоидавайронкунӣ дар соҳаи гумрук ҳангоми гузаронидани амалиёти убурӣ (транзит), ҳамчунин таҳкими густариши робитаҳо миёни Хадамоти гумруки Латвия ва Тоҷикистон лоиҳаи муштараки «Идоракунии самараноки хавфҳои гумрукӣ ҳангоми иҷрои назорати боэътимоди гумрукӣ» — ро омода намудааст.

Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи мазкурро сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон қобили қабул донист.

Бояд тазаккур дод, ки гардиши  мол байни Тоҷикистон ва ин кишвари соҳили Балтика- Латвия дар соли гузашта 6,3 миллион долларо ташкил дод, ки ин омор дар қиёс ба соли 2015 беш аз ду маротиба коҳиш ёфтааст.

Июль 4, 2017 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад