Дар гарнизони «Хоруғ» машқҳои стратегии зиддитеррористӣ бо ҷалби беш аз 10 ҳазор баргузор карда мешаванд

Июль 18, 2017 08:49

ДУШАНБЕ, 18.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 20 июли соли 2017 дар ҳудуди ВМКБ бо ҷалби сохтору мақомоти қудратии гарнизони «Хоруғ» ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ бо тирпарронии ҷангӣ ҷараён мегиранд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

«Машқҳои мазкур бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи нақшаи муштараки маҷмӯи чорабиниҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 баргузор ва дар ҷараёни баргузории машқҳо зиёда аз 10 ҳазор нафар ҳайати шахсӣ ҷалб карда мешаванд», — гуфт намояндаи расмии Вазорати мудофиа.

Ҷиҳати иҷрои машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ дар гарнизони «Хоруғ» ва ҳар як ноҳияи ВМКБ ситоди муштараки идоракунии қӯшунҳо ташкил гардида, захираи эҳтиётии даъватшавандагон, шаҳрвандони дар қайди комиссариятҳои ҳарбибуда, техникаҳои хоҷагии қишлоқ ва дигар лавозимоти барои баргузории ин машқҳои муҳими низомӣ зарурӣ истифода бурда мешаванд.

Дар ҷараёни баргузории ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ раисони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, сардорони шуъбаҳои сохторҳои қудратии ин минтақа ба машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, сафороию қадамзанӣ, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, тирпарронӣ аз силоҳу муҳимоти сабуки ҷангӣ ҷалб карда мешаванд.

«Зимни  ҷамъбаст дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ва машқгоҳи ҳарбии «Тем»-и Хоруғ бо истифода аз 100 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, артиллерия ва автомошинаҳо, чархболу ҳавопаймоҳои ҳарбиву нақлиётӣ ва дигар силоҳу муҳимоти ҷангӣ, машқҳои муштараки баталйонӣ-техникӣ доир карда мешаванд», — зикр кард манбаъ.

Июль 18, 2017 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд