Дар нимсолаи аввал 3 ҳолати ғайриқонунии шикори Марко Поло ба қайд гирифта шудааст

Июль 18, 2017 15:23

ДУШАНБЕ, 18.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар соли равон 66 сар гӯсфанди Марко Поло шикор шуда,  наздики 3 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат ворид гардид.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ  сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Маскаев иттилоъ дод.

Ба гуфтаи номбурда, дар мавсими соли  2017 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои шикори Марко Поло 85 квота ҷудо шуда, нархи ҳар яки он 45 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Абдуқодир Маскаев баён намуд, ки дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб аз тарафи шаҳрвандони кишвар 3 ҳолати шикори ғайриқонунии гӯсфанди Марко Поло  ба қайд гирифта шудааст.

«Тибқи тавсияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо 7 вазорату идораҳои дахлдор ба Ҳукумати Тоҷикистон  пешниҳод шудааст, ки дар соли оянда бояд барои 85 сар гӯсфанди Марко Поло, 12 сар бузи пармашох, 3 сар гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (Уриал) ва 10 сар хирси малла квота ҷудо карда шавад», — гуфт сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Июль 18, 2017 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст