Дар сӯхтори «Хона-интернати беморони рўҳӣ»-и ноҳияи Ҳисор ягон нафар ба ҳалокат нарасидааст
ДУШАНБЕ, 01.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари заҳролудшавии 20 нафар дар натиҷаи сӯхтор дар Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рўҳӣ»-и ноҳияи Ҳисорро рад намуда, ба иттилои сокинон мерасонад, ки ин хабар ягон асоси воқеӣ надорад.
Бояд гуфт, ки ин хабари беасос дар сомонаи Радиои Озодӣ аз номи Идораи оташнишонии шаҳри Ҳисор нашр гардида буд.
Дар робита ба ин ҳодиса Вазорати корҳои дохилии кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки сӯхтор дар Хона-интернати беморони рўҳӣ 29 июн соати 21:48 дақиқа ба амал омада, дар натиҷаи он ягон нафар шаҳрванд ба ҳалокат нарасидааст. Ҷароҳати сӯхтани бадан низ ба қайд гирифта нашудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми сар задани сӯхтор ба ҷои ҳодиса ду нақлиёти оташнишонӣ сафарбар карда шуда, сӯхтор сари вақт ба пуррагӣ хомӯш гардид.
Сабаби сар задани сӯхторро Вазорати корҳои дохила дар расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар хомушкунаки барқӣ арзёбӣ намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






