Дар сӯхтори «Хона-интернати беморони рўҳӣ»-и ноҳияи Ҳисор ягон нафар ба ҳалокат нарасидааст

Июль 1, 2017 13:03

ДУШАНБЕ, 01.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари заҳролудшавии 20 нафар дар натиҷаи сӯхтор дар Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рўҳӣ»-и ноҳияи Ҳисорро рад намуда, ба иттилои сокинон мерасонад, ки ин хабар ягон асоси воқеӣ надорад.

Бояд гуфт, ки ин хабари беасос дар сомонаи Радиои Озодӣ аз номи Идораи оташнишонии шаҳри Ҳисор нашр гардида буд.

Дар робита ба ин ҳодиса Вазорати корҳои дохилии кишвар ба АМИТ «Ховар»  хабар дод, ки сӯхтор  дар Хона-интернати беморони рўҳӣ 29 июн соати 21:48 дақиқа ба амал омада, дар натиҷаи он ягон нафар шаҳрванд ба ҳалокат нарасидааст. Ҷароҳати сӯхтани бадан низ ба қайд гирифта нашудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми сар задани сӯхтор ба ҷои ҳодиса ду нақлиёти оташнишонӣ сафарбар карда шуда, сӯхтор сари вақт ба пуррагӣ хомӯш гардид.

Сабаби сар задани сӯхторро Вазорати корҳои дохила дар  расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар хомушкунаки барқӣ арзёбӣ намуданд.

Июль 1, 2017 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид