Дар шаҳри Хоруғ боз як бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ ба истифода дода мешавад
ХОРУҒ, 07.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ боз садҳо нафар аз сокинони шаҳри Хоруғ имконият пайдо мекунанд, ки мушкили камбуди манзили зисташонро ҳал намоянд. Зеро дар моҳи сентябри соли равон дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ боз як бинои 9-ошёна дар маҳаллаи Носири Хисрави шаҳри Хоруғ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Ҳамагӣ як моҳ пеш Корхонаи масъулияташ маҳдуди «Бунёд» бинои аввали истиқоматии 9-ошёнаро дар ҳамин маҳалла ба истифода дод ва пас аз чанд рӯз корҳои сохтмониро дар бинои дуввум низ ба анҷом мерасонад ва дар ихтиёри Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мегузорад. Ҳоло бинокорон ба ороишу пардози хонаҳо машғул мебошанд. Муовини директори ин корхона Назарсултон Саидикова гуфт, ки дар ин маҳалла се бинои 9-ошёнаи дорои 189 хона соли равон ба истифода дода мешаванд, ки эъмори ду бино бар ӯҳдаи корхонаи «Бунёд» гузошта шудааст.
Коршиносони масоили шаҳрсозӣ ба ин ақидаанд, ки назар ба даврони Шӯравӣ суръат, сифат ва тарҳи биноҳои истиқоматӣ, маъмурию фарҳангӣ хеле тафовут доранд. Аксарияти биноҳое, ки дар ин давра сохта шудаанд, бо намуди зоҳирӣ ва дохилии худ аз ҳам фарқе надоштанд ва ҳуҷраву долонҳояшон низ хурд мебошанд. Муҳлати анҷоми биноҳо бошад аксаран то се, чор ва ҳатто панҷ сол давом мекард. Бунёди биноҳои аз чорошёна болоро бидуни ягон далел қатъиян манъ карда буданд. Аммо ҳоло аксарияти биноҳои истиқоматӣ дар муҳлати кутоҳ, бо тарҳҳои гуногун сохта мешаванд ва аз ҳама муҳим мутахассисони муосири ватанӣ имкони бунёд кардани иморатҳои баландошёнаро дар шароити кӯҳистон собит намудаанд.
Корхонаи «Бунёд» яке аз корхонаҳои муваффақи сохтмонӣ дар вилоят аст, ки ба ҷуз эъмори иншоот, ҳамчунин ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ машғул аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






