Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ 76-умин мавсими театрӣ ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 01.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ 30 июни соли равон маросими пӯшидашавии 76-умин мавсими театрӣ ба анҷом расид. Дар ин бора сарбалетмейстери театр Мария Левитская ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Бино ба гуфтаи М. Левитская, дар ин мавсим бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти театр гурӯҳи балети Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ фаъолияти пурмаҳсул дошт. Аз ҷумла дар ин давра овозхонҳои гурӯҳ дар рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, ки он бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, фаъолона ширкат варзиданд.
«Дар ин давра балети нави тоҷикии «Зол ва Рудоба»-ро бо оҳанги Шӯҳрат Ашӯров таҳия намудем, ки тавассути ВВС Persian дар тамоми шабакаҳои телевизионии форсизабон намоиш дода шуд. Дар шавқовар гузаронидани ҷашни Соли нав низ овозхонони театр саҳми сазовор гузошта, дар ин мавсим теъдоди зиёди намоишномаҳои солинавиро пешниҳоди кӯдакон ва калонсолон гардонидем», -илова намуд Левитская.
М. Левитская мегӯяд, ки дар ин мавсим инчунин ҷуфти овозхонон — Муҳаммад Азимзода ва Фарангис Қосимова дар консерте, ки дар шаҳри Алма –Атои Қазоқистон бахшида ба баргузории ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шанхай доир гардида буд, ҳунарнамоӣ карда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Ҷуфти дигари овозхонон — Асел Нилобекова, Фарҳод Камолов ва Парвиз Кумайдонов дар озмуни XIII ҳунармандони балет ва хореография дар шаҳри Москва (Театри калон) иштирок намуданд. Дар ин озмун аз Тоҷикистон аввалин бор соли 1969 Ҳунарпешаи халқии СССР Малика Собирова иштирок намуда буд ва баъди он ин аввалин ширкати ҳунармандони балети тоҷик дар ин озмун буд.
«Дар ин мавсим дар театр инчунин таҷлили ҷашни 75 –солагии Малика Собирова бо иштироки овозхонони варзидаи балети Россия ва давлатҳои ИДМ баргузор гардид»,-зикр намуд номбурда.








«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик






