Дар Восеъ калонтарин дар вилояти Хатлон варзишгоҳ бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 24.07.2017 /АМИТ «Ховар»/ Ибтидои соли равон дар маркази ноҳияи Восеъ, дар шафати чапи роҳи Восеъ-Ховалинг бунёди варзишгоҳ барои 20 ҳазор ҷойи нишаст оғоз гардид. Сохтмончиён аллакай таҳкурсии варзишгоҳро ба анҷом расонида, ба бунёди деворҳои он шурӯъ намуданд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ин варзишгоҳ дар минтақа ва вилоят калонтарин хоҳад буд.
Мавриди ёдоварист, ки бунёди ин варзишгоҳ ташаббуси хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Сарвари давлат соли 2012 зимни сафари навбатиашон ба ноҳия баъди ифтитоҳи маркази савдои «Султони Кабир» дар вохӯрии хеш ба фаъолону сокинони он арз дошта буданд, ки дар баробари азнавсозии роҳи Восеъ-Ховалинг варзишгоҳи бузурги замонавӣ бунёд карда хоҳад шуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






