Эмомалӣ Раҳмон: «Ёдгориҳои фарҳангиву таърихии қадимаи Балҷувон метавонанд ба рушди сайёҳӣ ва сарчашмаи муҳими фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мубаддал гарданд»
ДУШАНБЕ, 27.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Балҷувон изҳор доштанд, ки шароити мусоиди иқлим ва ёдгориҳои фарҳангиву таърихии қадимаи ноҳияи Балҷувон метавонад ба рушди сайёҳӣ ва яке аз сарчашмаҳои муҳими фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, даромади аҳолӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи анъанаҳои халқии қадимӣ, аз ҷумла таомҳои миллӣ мубаддал гардад. Ба гуфтаи Сарвари давлат, «гарчанде то имрӯз бо дастгирии Ҳукумат дар ин самт як силсила корҳо ба анҷом расонида шудаанд, вале корҳои иҷрошуда то ҳол натиҷаҳои қонеъкунанда надодаанд. Ҳол он ки рушди сайёҳӣ дар ин минтақа метавонад ба яке аз сарчашмаҳои муҳими фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, даромади аҳолӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи анъанаҳои халқии қадима, аз ҷумла таомҳои миллӣ мубаддал гардад. Дар ин самт ҷидду ҷаҳди роҳбарону масъулони вилоят ва ноҳия, ҳамчунин соҳибкорон зарур аст. Дар ноҳия ғайр аз табиати зебову нотакрор, инчунин мавзеъҳои хушбоду ҳаво, чашмаҳои шифобахш, аз ҷумла, оби Султонвайсӣ, Қалъанак, Булғурӣ, Оби шулук, Касҳо ва Ҳибил мавҷуданд, ки дармонбахши бисёр намуди бемориҳо мебошанд».
Ба таъкиди Пешвои миллат, дар қаламрави ноҳия 145 навъи растании доруворӣ, 47 навъи растании асаловар ва 118 растании дорои равғани эфир ба қайд гирифта шудаанд, ки ба коркард фаро гирифтани онҳо метавонад боиси ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таъмини эҳтиёҷмандон бо дорувории табиӣ, инчунин рушди саёҳати табобатӣ гардад.








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






