Фарҳод Раҳимӣ: Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионии назди Академияи илмҳои Тоҷикистон моҳи август ба фаъолият шурӯъ мекунад

Июль 13, 2017 16:21

ДУШАНБЕ, 13.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, ки дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионӣ таъсис дода шавад ва ба он донишмандони технологияи инноватсионӣ, ҷавонони болаёқат ва ихтироъкор ба корҳои илмиву пажӯҳишӣ ҷалб карда шаванд.
«Моҳи майи соли равон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионӣ таъсис дода шуд ва имрӯз Марказ ба корҳои аввалини худ дар самтҳои рушди илмҳои бунёдӣ, бозёфтҳо дар илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ шурӯъ карда истодаем»,-мужда расонд президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ имрӯз, 13 июл зимни нишасти матбуотӣ.
Ба иттилои Фарҳод Раҳимӣ, сохтор ва Оинномаи Марказ омода шуда, аввали моҳи августи соли 2017 ин Марказ ба фаъолият шурӯъ менамояд.
Президенти Академияи илмҳо вазифаҳои асосии Марказро дар пайваст намудани илм бо истеҳсолот вобаста дониста, анҷом додани таҳқиқот дар он самтҳое, ки имрӯз иқтисодиёти миллии Тоҷикистон ба он ниёз дорад, афзалиятнок номид.
«Мо кӯшиш мекунем, пеш аз ҳама, бо истифода аз неруи ҷавонон ва донишмандони лаёқатманд Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсиониро ба пуррагӣ таъсис диҳем, то ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем»,- илова намуд Фарҳод Раҳимӣ.
Инчунин зикр гардид, ки барои кор дар Марказ ҷавонони лаёқадманд ва таҷрибадор ба кор кабул карда мешаванд.
Бино ба гуфти Фарҳод Раҳимӣ, барои ҷалби бештари ҷавонони лаёқатманд дар соҳаи илм соли чорум аст, ки дар АИ ҶТ Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки сол ба сол теъдоди иштирокчиёни он зиёд мешавад. Ғолибони ин Олимпиада имконият пайдо мекунанд, ки барои идома додани таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи илмӣ дар ин Маркази илм ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

Июль 13, 2017 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад